Унҷӣ

Ҷойгиршавии маъмурию ҳудудии ҷамоат

Ҷамоати деҳоти Унҷи яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Масоҳати умумии ҷамоат 2537 гектар буда, мутаносибан 23% масоҳати умумии ноҳияро ташкил медихад. Шумораи умумии аҳолии ҷамоати деҳоти Унҷӣ 46630 нафарро ташкил медиҳад.    

 

Ба ҳайати ҷамоати деҳоти Унҷӣ 7 деҳа шомил буда, дар байни онҳо деҳаи Унҷӣ  аз ҳама калонтарин мебошад ва дар он 42% аҳолии ноҳия истиқомат менамоянд. Дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ 8316 хоҷагӣ ва 30 кумитаи  маҳала ба қайд гирифта шудааст.  

Шарҳи таърихию фарҳангӣ.

Дар асарҳои таърихнигорон деҳаи Унҷӣ  ҳамчун мавзеи боғ ва макони истироҳати шаҳриён тасвир гардидааст. Шуғли асосии аҳолӣ заминдорӣ, киштукор ва боғдорӣ  буда, баъдтар  чорводорӣ низ тараққӣ кардааст. Аҳолии деҳа бозори шаҳри Хуҷандро бо ғалла ва пахта таъмин намуда, аз он бозорҳо барои таъмини рузғор ва пешбурди ҳунарҳои миллӣ маводи зарурӣ дастрас менамуданд.

Шӯрои қишлоқи Унҷӣ соли 1918 ташкил шудааст. Аз солҳои 50-90 ум ҷамоати Унҷӣ бо қадамҳои устувор тараққӣ намуд. Дар ин солҳо дар ҳудуди ҷамоат таҳти роҳбарии раиси овозадори  колхоз (баъдан  колхози ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев) ду карат Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ С.Ӯрунхоҷаев  муваффақиятҳои  беназир ба даст оварда шуд. Дар он солҳо колхоз яке аз хоҷагиҳои пешқадамтарини вилоят ва республика ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ (аз он ҷумла пахта, пилла, гушт ва шир) пешқадамтарин ба шумор мерафт. Дар он солҳо рафти босуръати ободонии деҳот ва фазои ичтимоӣ ва мадании аҳолии он тараққӣ намуда, то ба имруз идома дорад.

Дар ин давра инфрасохтор ва бахши иҷтимоӣ - фароғатии маҳал хеле пеш рафта буд, ки заминаи рушди иµтидори он гашт. Масалан, соли 1957 бо ташаббуси худи ӯрунхоҷаев, қасри «Арбоб», ки нусхаи Кохи Петр I дар Ленинград буд, сохта шуд.

Маҳз дар ҳамин қаср соли 1992 сессияи ҳаётбахши таърихӣ барои халқи Тоҷикистон – XVI иҷлосияи Шӯрои Олӣ баргузор гашт, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашт. Ин қасри зебо айни замон иншооти таърихö ва ҷойи истироüат барои меҳмонони хориҷӣ ва истиқоматкунангони маüалл ва дигар минтақаҳо мебошад.

Шароитҳои иқлимӣ ва захираҳои табиӣ

Иқлими ҷамоат хушки континенталӣ буда, миқдори солонаи боришот дар он  200-300 мм мебошад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар тобистон аз  25◦ то 40◦ гарм ва дар фасли зимистон  то  -10◦ хунук мешавад. Ҳосилнокии заминҳои кишоварзии ҳудуди ҷамоат дар сурати мавҷудияти миқдори зарурии намӣ ва таъсири ҳаҷми оби Сирдарё вобастагӣ дорад ва бо ин восита ба нақшагирии ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ муайян карда мешавад. Иқлими ҷамоат барои  пахтакорӣ, ғаллакорӣ, истеҳсоли маҳсулоти полезӣ, боғу токпарварӣ ва  кирмакпарварӣ мусоид мебошад. 

Дар ҳудуди ҷамоат канданиҳои фоиданок мавҷуд нест. Манбаи оби дар ҷамоат истифодашаванда чоҳҳои амудӣ, қисман хатҳои оби нӯшокӣ ва оби ҷӯйбору наҳрҳо мебошанд.

Маҳали  аҳолинишин

 

 

Унҷи

 

 

Сафедтеппа

 

 

Арбоб

 

 

Қишлоқиҷон

 

 

Матаиб

 

 

Даштак

 

 

Оқариқ

 

 

Ҳамагӣ:

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.