Ҳайдар Усмонов

Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов дар ҳайъати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми маркази ғарбии ноҳия, дар канори шаҳри Хуҷанд, соҳили Дарёи Сир ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии он 503,83га ташкил медиҳад.

Ба ҳайъати маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Усмонов деҳаҳои Рӯмон, Кулангир, Шайхбурҳон, Пулчуқур, ва минтақаи Абдулло Зиёев дохил мешаванд. Дар Ҷамоат 6152 хоҷагӣ мавҷуд буда, 10 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд. (Ҷадвали 1).

1.2. Тафсири таърихию маданӣ

Маълум, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таърих, солномаро дорост.

Ҷамоати Деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов соли 1969 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.09.1968 аз ҷамоати деҳоти Унҷӣ ҷудо карда шудааст. Номи  Ҳайдар Усмонов ба ифтихори иштирокчии мубориза барои барпо кардани Ҳокимияти Саветӣ дар шимоли Тоҷикистон гузошта шудааст.

Деҳаи Кулангир дар қисми шарқии Ҷамоат ҷойгир буда, ривоят аст, ки замоне бошишгоҳи кулангҳо будааст. Номи деҳаи Кулангир аз ду реша, яъне «Куланг» - турна ва решаи дуюм «гир» - асоси масдари «гирифтан» таркиб ёфтааст. Чуноне, ки пирони деҳа ривоят мекарданд, дар зардолузорҳои деҳа турнаҳо лона монда буданд ва ном аз шикори онҳо пайдо гаштааст. Шаҳриён фурсати фароғат омада, мурғони дилпазирро шикор мекардаанд. Шуғли асосии деҳа деҳқонӣ буда, дар фасли сармо ба киштукори кӯчату кабудӣ машғул шуда, боиси фаровонии бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Ғафуров мебошанд. Дар фасли баҳор ба фурӯши сабзавот ва меваҷот машғул мебошанд..

Дар ақидаҳо омадааст, ки Рӯмон аз калимаи арабии «Руммон» буда, маънояш анорзор мебошад. Ё маънии дигар «Рӯ монд» аст. Деҳаи мазкур боз ба 5 маҳаллаҳо ҷудо шудаанд, ки маҳаллаҳои 1-Май, Октябр, Лоҳутӣ, Маданият ва Инқилоб мебошанд.

1.3. Шароити  захираҳои табиӣ  ва мавқияи ҷуғрофӣ

Иқлими Ҷамоат континенталии хушк буда, ҳарорати миёна дар фасли зимистон аз-10 то -15◦C дараҷа сард, тобистон азӯ27◦Cто ӯ36◦C дараҷа гарм мешавад. Дарёи Сир соҳаи калони кишоварзӣ ва дигар соҳаҳоро бо об таъмин мекунанд. Замини ҳосилхез ва мавҷуд будани об тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияи пахтакорӣ, ғалладонӣ, меваю сабзавот муайян мекунад.

Ҷадвали1. Аҳолӣ ва хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Усмонов

Деҳаҳо

Шумораи хоҷагӣ

Шумораи аҳолӣ

1.

Рӯмон

 

 

2.

Кулангир

 

 

3.

Шайхбуроҳон

 

 

4.

Пулчуқур

 

 

5.

Ҷӯи Қозӣ

 

 

6.

Минтақаи А.Зиёев

 

 

 

Ҳамагӣ:

 

 

Дар Ҷамоат 98% аҳолиро тоҷикон ва танҳо 2% дигар миллатҳо ишғол менамоянд (ӯзбекҳо, русҳо, дигар миллатҳо).

Диаграммаи 1. Таркиби этникии аҳолӣ дар соли 2015.

1.5. Тамоюлҳои асосии иҷтимоӣ-иқтисодӣ

Таҳкурсии иқтисодиёти Ҷамоатро соҳибкорони хурду миёна, хизматрасонии пулакӣ ва хоҷагии деҳқонӣ ташкил медиҳад, ки дар он 75-80%-и аҳолии кобили меҳнат машғул мебошанд. Асосан дар самти соҳибкории худу миёна ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ташкили нуқтаҳои савдо, ташкили ошхона ва чойхонаҳо, таъмири автомобилҳо, истеҳсоли маҳсулоти дастии хонагӣ ва дар самтҳои асосии рушди кишоварзӣ – соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ (асосан дар хоҷагиҳои деҳқонӣ) мебошанд.

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов 11 хоҷагии деҳқонӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12, 13, 23, 24, 25, 26, Гимназияи «Нур», марказҳои саломатии «Ҳ.Усмонов», «Кулангир», «Одил», хонаҳои саломатии «Шайхбурҳон», «Рӯмон», «Лаби Ҳавзча», «Инқилоб», «Айнӣ» ва дар минтақаи А.Зиёев «Янгиқӯрғон» ба мардум хизмат мерасонанд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.