ЭҲЁИ АНЪАНАҲО: "ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ”
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯйдоди фарҳангии хотирмон таҳти унвони "Тоҷикона мепӯшем" баргузор гардид. Иқдоми мазкур, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи кор бо занон ва оила роҳандозӣ шуд, дар фазои идонаи минтақаи истироҳатии "Азизи дил" воқеъ дар ҷамоъати деҳоти Ғозиён ҷараён гирифт ва шумораи зиёди кӯдакон, занону духтарон, ҳунармандону фаъолзанон, ҳофизону навозандагонро гирди ҳам овард.
Дар аксияи фарҳангӣ-тарғиботӣ Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд, Дилоромхон Турсунзода, муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Хуршедахон Хоҷазода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд иштирок намуда, дар бораи аҳамияти либоси миллӣ дар ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии миллат суханронӣ карданд. Таъкид гардид, ки либоси миллии тоҷикӣ ҳамчун як ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ мероси гаронбаҳоест аз аҷдодони бузургамон ва эҳтиром гузоштан ба он на танҳо арҷгузорӣ ба таърих, балки баланд бардоштани маърифати насли ояндасози кишвар низ мебошад.
Аксияи "Тоҷикона мепӯшем" бо барномаҳои рангини ҳунарӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва сурудҳои дилнишини ҳофизону навозандагон ҳусни дигар зам намуда, дар хотири иштирокчиён нақши гузошт. Чунин иқдомҳои фарҳангӣ дар оянда низ идома ёфта, дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба мероси миллии мардуми тоҷик саҳми босазо хоҳанд гузошт.
Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.