Тавсияҳо барои солимгардонии оризаҳои Ковид-19

Маслиҳати духтур

Бемории коронавирус натанҳо ба иқтисодиёти давлатҳо таъсири манфӣ расонд, балки ба одамоне, ки ин касалиро аз сар гузаронидаанд, оризаҳои худро боқӣ гузошт, ки то ҳол шаҳрвандон аз оризаҳои боқимонда азият мекашанд. Илми тиб исбот кард, ки оrибати бемории коронавирус аз худи бемории Ковид-19 низ вазнинтар аст. Шахсони аз 55 сола боло, беморони ҳамрадиф доранд, ки ин сактаи дилу майна, диабети қанд, фарбеҳӣ, камхунӣ ва ғайраҳо мебошанд. Пасту баланд шудани боду ҳаво ба ингуна шахсон таъсири манфӣ мерасонад, дар натиҷа дар хун тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд. Беэътиборӣ зоҳир кардан ба дигаргуншавӣ, оқибатҳои нохуш дошта, то ба ҳалокатрасӣ оварда мерасонад. Ингуна шахсон бояд дар назорати диспансерӣ қарор гирифта, маслиҳатҳои табибонро бояд пурра иҷро намоянд.

 

Ба ҳамагон маълум, ки вируси корона ба организм бо роҳи нафас ворид шуда, фаъолияти кори рагҳои хунгард, лахташавии хун, узвҳои нафасгирӣ, гурдаҳо ва маркази асабро вайрон мекунад. Вирус ғадудҳое, ки барои иммунитети худмуҳофизатии организм вобаста аст, заҳролуд карда, фаъолияти кори ғадудҳоро вайрон мекунад, дар ин самт дар хун миқдори лимфоситҳо кам мегардад.

Дар натиҷаи ғавс шудани хун, кам гардидани гардиши хун дар рагҳои хунгард коҳиш меёбад, дар охир одам ба бемории сактаи майна (инсулт), сактаби дил (инфаркт) гирифтор мешавад. Дар шушҳо низ тағйирёбӣ ба амал меояд, пардаҳои ҳуҷайраҳои шуш ба фиброз табдил меёбад. Фаъолияти кори узвҳои гурда, таносул вайрон мегардад. Вирус ҳуҷайраҳои асаби марказиро низ заҳролуд карда, пардаҳои мулоими анкобутиро нобуд мекунад.

Шахсоне, ки бемории коронавирусро аз сар гузаронидаанд, «сиҳат шудам, саломат мебошам» мегӯянд, аммо дар бештари онҳо оризаи ин беморӣ боқӣ мемонад. Масалан: нафастангӣ, норасогии ҳаво, дарди дил, дари гурдаҳо, аломатҳои сактаи майна ва дил ба мушоҳида мерасад. Ингуна беморон ҳаяҷонпазир гардида, аз сустшавии хотира, фикру андӯҳ шикоят мекунанд, бештари онҳо ба рӯҳафтодагӣ (дипрессия) гирифтор мешаванд.

Дар урфият мегӯянд, ки «бе эътибор набошед, рӯҳафтода ҳам нашавед», ҳоло илми тиб пеш рафтааст, агар оризаҳои  баъди беморӣ  сари вақт ба мутахассис, духтурони оилавӣ муроҷиат шавад, маслиҳатҳои додашуда риоя гарданд, албатта он табобатшаванда аст ва шахс метавонад, пурра шифо ёбад.

Аз рӯи мушоҳидаҳо оид ба оризаҳои баъди беморӣ, ба шаҳрвандон тавсия медиҳем, ки дар диспансери духтури тибби оилавии дар маҳал буда, ба назорат қарор гиранд, қойидаҳои тарзи ҳаёти солимро риоя кунанд, аз сигоркашӣ, майнӯшӣ, маводҳои мухаддир дур бошанд. Серҳаракат гардида, ба варзиши сабук машғул шаванд. Ба қоидаҳои тартиби рӯз, дамгирӣ, хоб, қоидаҳои тарбиб ва реҷаҳои хӯрокистеъмолкунӣ риоя намоянд.

Ғизои солим – гарави саломалист, барои ин ба мо витаминҳо, минералҳо, микроэлементҳо, сафедаҳо, равғани растанӣ лозиманд. Ин гуна витаминҳо дар кабудиҳо, себ, анор, афлесун, сирпиёз, чӯмоқ, моҳӣ, гӯшти мурғ ва маводи донагиҳо бисёранд.

Маслихат медодем, ки аз хӯрокҳои серравғани чорво, намаки шӯр парҳез намуда, аз пурхӯрӣ даст кашанд.

Қайд кардан лозим аст, ки барқароршавӣ бояд дар зери назорати духтури тиббии оилавӣ анҷом дода шавад. Пеш аз барқароршавӣ бояд ҳар як шахсе, ки бемории коронавирусро аз сар гузаронидааст аз ташхисҳои зерин гузаранд: ташхиси клиникавии хун, лахташавии хун, тахшиси биохимиявии хун (глюкоза, протромбин, амилаза, АЛТ ва ғайра), томографияи шуш, пулсооксиметр [ар 12 соат, ТУС коваки шикам аз рӯи нишондод, ташхиси рентгени шуш баъди 1-1,5 моҳ бади табобат.

Малика Қосимова,

роҳбари Шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия        

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.