БАҲРИ СУБОТИ МОЛИЯВӢ
Масъалаи "Вазъи риоя ва иҷрои қонунгузории ҷорӣ оид ба ошкор ва пешгирии фаъолияти ғайриқонунии андозпупорандагоне, ки ба хариду фурӯш, воридоти молу маҳсулот аз хориҷи кишвар машғуланд ва роҳҳои кам кардани бақияи қарзи андоз" дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Кори ҷаласаро раиси Шӯро, прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Сафаралӣ Самизода оғоз намуда, иброз дошт, ки дар ин ҷаласа, ба ғайр аз аъзои Шӯро, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоати деҳот ва сармутахассисони соҳаи андоз дар ҷамоатҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони ба масъалаи баррасишаванда дахлдор ширкат доранд.
Сафаралӣ Самизода зимни гузориш таъкид сохт, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ ва ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз тадбирҳои самарабахш амалӣ карда шудаанд. Мавсуф аз воридшудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар соли 2012 ёдовар шуда, қабули Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва таҳрири нави он дар соли 2022-ро, ки шумораи андозҳоро аз 45 ба 7 номгӯ коҳиш дод, ҳамчун далели бевоситаи рушди низоми андоз дар кишвар арзёбӣ кард. Прокурори ноҳия афзуд, ки 26 - уми июли соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” қабул гардида, то имрӯз ба он 5 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Инчунин, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се маротиба моратория ба санҷиши фаъолияти соҳибкорон ҷорӣ гардид, ки мақсади асосии он дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳо дар соҳаи андоз ва рақамикунонии муносибатҳои андозӣ мебошад.
Таъкид шуд, ки давоми ин солҳо ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорон зиёда аз 110 имтиёзҳо дар соҳаи андоз пешниҳод карда шуданд. Шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 ва муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3 рӯз кам карда шуда, ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Бо вуҷуди фароҳам овардани базаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва додани имтиёзҳо ба соҳибкорон, раиси Шӯро бо таассуф иброз дошт, ки имрӯз низ шахсоне ҳастанд, ки бо ҳар роҳу восита аз пардохти андозҳо саркашӣ намуда, ғайриқонунӣ ширкатҳоро таъсис дода, ба фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ машғул ва ба манфиати буҷети давлат зарари калони молиявӣ мерасонанд.
Тибқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши Кумитаи андоз, ҳамаи усул ва механизмҳои таъмини ӯҳдадориҳои андоз ва тартиби маҷбуран ситонидани он пешбинӣ гардидааст. Аммо, прокурори ноҳия дар навбати худ аз камфаъолиятии кормандони масъули нозироти андоз, мутахассисони андоз дар ҷамоатҳо ва нозирони минтақавии милитсия дар ошкор намудани фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ изҳори нигаронӣ кард. Санҷишҳои прокурорӣ собит сохтанд, ки то имрӯз ҳолатҳои сол аз сол зиёд гардидани қарзи андоз, пинҳон намудани манбаъҳои андозбандӣ, саркашӣ намудан аз пардохти андозҳо, машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирӣ дар мақомоти андоз, ташкил намудани ширкатҳои якрӯза бо мақсади напардохтани андозҳо ҷой доранд.
Аз рӯи масъалаи баррасишуда, сардори нозироти андоз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Баҳоваддин Турдиев гузориши муфассал намуд.
- Дар панҷ моҳи соли 2025 аз ҷониби нозироти андоз ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки андозҳои ҳисобшударо саривақт ба буҷет напардохтаанд, 2897 огоҳинома барои пардохти 8 млн 851 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андоз ирсол карда шудааст. Аз тарафи андозсупорандагони қарздор баъди гирифтани огоҳинома ба маблағи 3 млн 291 ҳазор сомонӣ қарзи андоз пардохт карда шуданд, - иброз дошт, сардори нозироти андоз дар ноҳия.
Дар поёни ҷаласа Сафаралӣ Самизода, прокурори ноҳия, бори дигар аз камбудиҳои ҷойдошта ибрози андеша намуда, ҷиҳати саривақт чораандешӣ намудан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ба кормандони нозироти андоз, ҳамчунин сармутахассиси андоз дар ҷамоатҳо, нозирони минтақавӣ пешниҳодҳои судманд баён дошт.
Ҷаласа нишон дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои давлатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба масъалаи риояи қонунгузории андоз таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои пешгирии фаъолияти ғайриқонунӣ ва пуррагардонии буҷети давлат тадбирҳои қатъӣ меандешанд, зеро андоз пардохти ҳатмии давлатӣ ба шумор рафта, буҷет аз ин ҳисоб пурра гардида, маблағҳои он барои ҳимояи мамлакат, ҳифзи тартиботи дохилӣ, маориф, тандурустӣ, ҳимояи иҷтимоии мардум, аз ҷумла кӯдакон, маъюбон, нафақахӯрон ва ниёзмандон харҷ мешаванд.
Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”