МАНБАИ ДАРОМАДИ ИМСОЛА ҚОНЕЪКУНАНДА

           Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - ин ном дар дили ҳар як нафар бо заминҳои ҳосилхез, боғҳои сарсабз ва аз ҳама муҳим, бо бӯи хуши зардолу ҳамсадост. Ин қаламрави биҳиштосо на танҳо як гӯшаи зебои Ватан аст, балки яке аз марказҳои асосии боғпарварии кишвар ба шумор меравад, ки дар он даромади асосӣ аз боғҳои донакдор ва токзорҳои шаҳдбор ба даст меояд.

      Имрӯз, дар пайравӣ ба талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисоди кишвар, тамоми боғпарварон ва кишоварзон барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳаҷми содирот ва коркарди он кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин раванд, зардолупарварӣ мавқеи хоса дорад. Зардолупарварӣ шуғли дӯстдоштаи мардуми ноҳия буда, ба парвариши он дар қаламрави ноҳия аҳамияти хоса дода мешавад, зеро он манбаи асосии даромади сокинон аст.

     Ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвариши боғи зардолу дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯ ба рушду нумӯъ ниҳодааст. Меваи хушку тари он ба кадом давлати гӯшаи дунё пешниҳод нагардад, ба зудӣ харидори худро пайдо мекунад. Имрӯз дар қаламрави ноҳия масоҳати боғ 10327 гектарро ташкил медиҳад. Аз он 158,6 гектар боғи гелос, 171,6 гектар олу, 314,09 гектар шафтолу мебошанд. Худи дарахти зардолу бошад дар 6531 гектар доман паҳн карда, дар маҷмӯъ боғи ҳосилдиҳанда 7176 гектарро ташкил менамояд ва дар ин минтақа навъҳои қандак, мирсанҷалӣ, нишонӣ, соҳибӣ, бобоӣ зиёд парвариш меёбанд.  

    Истеҳсоли зардолу мувофиқи ноҳия 36,8 сентнер аз ҳар гектар мебошад, ки нишондиҳандаи қаноаткунанда ҳисобида мешавад. Мардуми тоҷик аз қадим меваи зардолуро дар шакли тару тоза ва намудҳои гуногуни хушкмева – гулунг, баргак, аштак, аштаки хубонӣ ва ғулунгоб – истифода мебурданд, ки ҳар яке таъми беҳамто ва хосиятҳои ғизоии худ дорад. Тибқи иттилои мутахассисони соҳа, зардолуҳои шаҳдрези ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи қанднокиашон дар водии Фарғона босифаттарин ба ҳисоб меравад. Агар касе дар мавсими зардолупаз аз мавзеъҳои ноҳия дидан намояд, албатта, бом ва ҷоҳои кушоди заминҳои назди ҳавлигӣ хонаҳоеро мебинад, ки ранги заъфаронӣ ба худ гирифтаанд. Ин ранги зардолуҳоест, ки мардум барои хушконидан дар болои бомҳо ва дар ҷойҳои офтобрас паҳн мекунанд – манзараи дилрабое, ки аз фаровонӣ ва баракат дарак медиҳад.

    Зардолу меваи содиротӣ аст. Парвариши анвои мухталифи зардолу ва тиҷорати меваи хушки он, агар даромади зиёд надиҳад ҳам, лоақал манбаи аслии таъмини рӯзгори бисёре аз хонаводаҳо метавонад бошад.

      То имрӯз ҷамъоварии ҳосили зардолу дар ноҳия бештар аз 19776,4 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Ин рақам аз меҳнати содиқонаи деҳқонон ва дастгирии давлат дарак медиҳад. Алҳол мавсими ғунучини зардолу поён ёфта, чидани навъҳои дерпазаки он ба роҳ монда шудааст. Деҳқонон майдонҳои ҳосилаш ба дастомадаро бо тезӣ коркард карда, обёрӣ менамоянд, поруҳои маҳаллӣ медароранд ва барои ҳосили соли оянда заминаи мустаҳкам мегузоранд.

Аминҷон Ҷӯлиев, мутахассиси пешбари Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.