МАШВАРАТИ РАИСОНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБА
Дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» семинар-машварати дастурдиҳӣ барои раисони ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкилу баргузор карда шуд.
Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии ноҳия, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии иттифоқи касабаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Халифаёр Парвиз кори машваратро оғоз намуда, ҳадафҳои баргузории машваратро мушахас барои иштирокдорон муаррифӣ намуд. Зикр карда шуд, ки машварати имрӯза бо мақсади фаъолгардонии нақши раисони кумитаи иттифоқҳои касаба дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон санаи 24.10.2019 бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон баён доштанд, амалисозии қарору фармоиш ва нақшаҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва раёсати Кумитаи иттифоқҳои касабаи муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Суғд, инчунин таҷрибаивазкунӣ ва пешбурди фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуда истодааст.
Аз рӯи барномаи тарҳрезишудаи машварат дар навбати аввал оид ба амалигардонии иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ ба истиқболи 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Соҳибҷон – раиси ташкилоти ибтидоии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони кумиҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, аз ҳамкасбон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати амалисозии нақшаҳои тасдиқшуда роҷеъ ба Соли маърифати ҳуқуқӣ фаъолнокӣ зоҳир намоянд.
Доири мавзӯи «Дар бораи озмуни «Шартномаи коллективии беҳтарин» ва таҳлилу хулосаҳо оид ба шартномаҳои коллективии муассисаҳои соҳаи давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии ноҳия» Абдуразоқов Абӯрайҳон – муовини сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров андешаҳои ҷолиб баён намуда, оид ба камбудиҳои ҷойдошта, моҳияту тартиби бастани Шартномаҳои коллективӣ, нақшаҳои амалигардонии онро бо мисолҳои воқеӣ шарҳу тавзеҳ дод. Табодули афкор, саволу ҷавобҳо байни иштирокдорон атрофи масъалаи мазкур хеле шавқовару манфиатнок шуд. Дар ин асно аз озмуни «Шартномаи коллективии беҳтарин» натиҷагирӣ карда шуда, хулоса карда шуд, ки ба озмуни вилоятӣ Шартномаи коллективии ташкилоти ибтидоии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун беҳтарин пешниҳод карда шавад.
Намояндаи Раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии вилояти Суғд Раҷабова Саида ба иштирокдорони машварат аз номи роҳбарияти Кумитаи иттифоқи касабаи соҳавии вилоят барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани семинар-машварат сипосмандӣ баён намуда, доир ба масъалаҳои камбудиҳои ҷойдошта дар самти ҳуҷҷатгузории молиявии ташкилотҳои ибтидоӣ, тартиби дурусти хароҷоти маблағҳои аъзоҳаққӣ ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ (1,5%) маслиҳатҳои муфид баён намуд.
Дар ҷамъбасти машварат ба иштирокдорон дастур тавсия шуд, ки ба истиқболи иду ҷашнвораҳои дар пешистодаи таҷлили 1 сентябр – Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ ва 9 сентябр – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба дида, дар амалисозии нақшаҳои корӣ масъулиятнокӣ зоҳир намоянд.
Кори семинар-машварат бо шиносоии иштирокдорон аз ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Муасссисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров