БОШАД САДОИ ХУШТАРИН БАР ГӮШИ ДИЛ СОЗИ ВАТАН...

   

     Тоҷикистон, Ватани ба ҷону дил баробар, модари азиз ҳастӣ! Чун худро шинохтем, туро аз ту ёфтему худро аз ту ёфтем, Мо бо туем, эй Тоҷикистони азиз - Ватани маҳбуб!             

    Қуллаҳои кӯҳҳоят

                           минбари тахти ман аст,

Санги побарҷоят

                                 осори сари сахти ман аст.

Ҳар кафи хокат зару

                             Ҳар қатраи обат гуҳар,

Панҷаи пур аз сахоят

                             суфраи бахти ман аст. Муҳаммад Ғоиб

    Истиқлол неъмати муқаддасест, рамзи саодат ва асолати миллати тоҷик аст. Меҳани меҳрбор - Тоҷикистон! Бо шарофати ин сарвати бебаҳо ва хизматҳои бузургу ташаббусҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ту, Ватани маҳбуб, пеш рафтӣ, гул-гул шукуфтӣ, дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфузи зиёд пайдо намудӣ.   

    Солҳои соҳибистиқлолӣ барои миллати сарбаланду фарҳангпарварамон марҳалаи бобарор ва пурифтихор аст. Мо медонем, ки кишвари зебоманзари мо ба осонӣ сулҳу суботро ба даст наовардааст. Фарзонафарзандони таҳамтани ин Ватани маҳбуб тавонистанд, бо мақсадҳои бузург, орзуву ормонҳои наҷиб марзу буми кишварро сипар гашта, руҳияи солим ва арзишҳои маънавиро ҳифз намуда, барои сарсабзии ин меҳани маҳбуб рӯзгори осоиштаро таъмин намоянд. Корнамоии бобоёну аҷдодони мо аз хотир набояд зудуда шавад, зеро рӯзгори онҳо намунаи беҳтарини хештаншиносиву меҳанпарастист. Имрӯз бо номи Тоҷикистони азиз тафохур дорем, меболем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Ватани азизи моро чун кишвари озоду амну амният шинохтааст.

    Ватани маҳбубимо аз файзу баракати истиқлоли давлатӣ ва сулҳу амонӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад. Аз ин рӯ, назди Ватани азизу гулбаоғӯш ва сулҳовар қарздорем. Моро зарур аст, ки минбаъд низ наврасону ҷавононро чун нишони садоқату эҳтироми баланди фарзандӣ, мисли гулҳои як боғ ва фарзандони як модар дар эъмори имрӯзу ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз дар рӯҳияи ватандӯстию худогоҳӣ тарбия намоем. Пешвои муаззами миллат ҷавононро давомдиҳандагони кору пайкори насли калонсол, нерӯи тавоно ва пуриқтидори пешрафти ҷомеа, ояндаи давлат номида, таъкид доштаанд: ”Насли ҷавони кишвари мо бо дарки  масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.”

    Тоҷикистони азиз мазраи поку маъвои бахт, маснади волои ормонҳои бемисли мост, ки дар радифи кишварҳои пешрави олам имрӯз роҳпӯи олами фардои дурахшон мебошад. Онро чун модар азиз дошта, тамоми қувва, неруи зеҳнии хешро баҳри шукуфоии он мебахшем.

   Тоҷикистони азиз, эй Ватани маҳбуб! Ту беҳтарин бахту давлат, сарвату саодат бароямон ҳастӣ. Аз тамошои сабзаву боғҳои дилкушоят чашмонам нур мегиранду чаҳ – чаҳи булбулону мурғони хушнавоят сафои ботинамро мефизоянд. Ба атроф менигарам, кӯҳҳои сарбаландатро дида, ифтихорам дучанд мегардад, онҳо рамзи устуворию сарбаландии халқи бузургворам ҳастанд. Шукри замони соҳибистиқлолии Ватани маҳбуб, Пешвои муаззами кишвар, сулҳу амонӣ, ки имрӯз халқи азизи ман ба ин  ободиву шукуфоӣ расидааст. Ҳамаи ин пешравию ободиҳо муъҷизаи табиат не, балки маҳсули ақлу хиради воло, арақи ҷабину ҷидду ҷаҳд ва талошҳои созандаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик аст. Ҳамватанони ман муъҷизакоранд. Онҳо бо тарҳи дилчаспу замонавӣ иморатҳои нав месозанду шаҳрҳо обод мекунанд, роҳҳои васеъ, заминҳои нав мекушоянд, маҷрои дарёҳоро баста, неругоҳҳои бемисл бунёд намуда, ба зиндагии шоиста мерасанд. Бахту саодат ва иқболи баланд худ аз худ насиб намешавад, онро худи кас бояд ҷустуҷӯ намуда ёбад...

Бошад садои хуштарин бар гӯши дил сози Ватан,
Субҳонаи худ мекунам ашки саҳарнози Ватан.
Гоҳе ба савдо меб
арад ганҷи Ватанро зумрае,
Бо
нархи ҷонам мехарам ҳар санги пардози Ватан.

                                                                                Шаҳрия

    Тоҷикистони ободу озоди мо! Ту, Ватани маҳбуб, мазҳари поки саодат, маснади волои ормонҳову орзуҳои бемислу бахту иқболи баландамон ҳастӣ. Ба хотири он ки давлати тоҷикон пешрафтаю пойдор бошаду сокинонаш соҳибмаърифату донишманд аз рӯзҳои нахустини замони соҳибистиқлолӣ ба илму маориф эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Насли ояндасози миллатро дар рӯҳияи гиромидошт ва омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбияву раҳнамоӣ намудан вазифаи мост.

Тоҷикистони азиз, мазраи поку маъвои бахт, маснади волои ормонҳои бемисли мо, ту имрӯз дар радифи кишварҳои пешрави дунё роҳпӯи олами фардои дурахшонӣ, ки ба рағми душманону фарзандони нохалафат сол аз сол пеш меравию гул – гул мешукуфӣ.

  Ватан, бо роҳи ту замон меравад,

 Замон сӯи бахти ҷаҳон меравад.

 Зи дил ишқи покат чӣ сон меравад?

 Ба шир омадааст, он ба ҷон меравад.

                                                   Аминҷон Шукӯҳӣ

   Ватани азизу бахтовар, ба бахти халқи бузургворат зиҳӣ, эй мулки ободам, кишвари озоду ба ҷону дил баробарам!

Бигзор парчами Истиқлоли давлатдорӣ ҳамеша парафшон бошад!

 Мавлуда ҲОҶИБОЕВА,

Аълочии маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Пахтаро аз сӯхтор ҳифз намоем!

Баҳри  пешгирӣ дақиқкорӣ мебояд!

    Ҳамасола аз тарафи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пеш аз оғози мавсими ғунучини ҳосили пахта дар хоҷагиҳои пахтакор, бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоракорони алоҳида,дар заводҳои коркарди пахта, нуқтаҳои пахтақабулкунии ноҳия бо мақсади пурзӯр намудани бехатарӣ аз сӯхтор ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор корҳои профилактикӣ, суҳбатҳо гузаронида, таҳти назорати доимӣ қарор дода мешаванд.

    Хушбахтона, соли сипарӣ дар мавсими ғунучини ҳосили пахта дар хирманҳо, заводу корхонаҳои қабул ва коркарди пахта ҳодисаҳои сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст.

     Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, дар бисёр мавридҳо аз сабаби надоштани маълумоти пурраи масъулин дар бораи пешгирии сӯхтор, аз қабили таъмин набудан бо шарорахомӯшкунак ва ё дуруст набудани дудбарои трактору нақлиёти сафарбаршудаи пахтакашон дар хирманҳо ва наздикии роҳҳои мошингард пахтаҳои паҳнкардашуда оташ мегиранд.

    Аз роҳбарон ва масъулин талаб карда мешавад, ки ҳангоми ғунучини ҳосили пахта ба одитарин қоидаҳои назорати давлатии бехатар аз сӯхторро риоя намоянд; Оташдонҳои хӯрокпазии деҳқонон аз нуқтаи қабули пахта бояд на кам 100 метр дуртар ҷойгир шуда бошанд.

   Пахтаи дар мошин ва трактор буда, бо матои брезинтӣ пӯшонидан мувофиқи мақсад аст. Ҳама гуна техникаҳои сафаршуда барои ҷамъоварӣ ва кашонидани ҳосили пахта бояд бо оташхомӯшкунакҳои тамғаи ОП-5 таъмин бошанд. ( оташхомӯшкунак ба қисми пеши бордони нақлиёт, бел дар зери бордон аз тарафи ҷойи нишасти ронанда маҳкам карда шавад)

Дар роҳҳои мошингард паҳн ва хушк  намудан, инчунин аз болои пахта гузаштани нақлиёт тамоман манъ мебошад.Майдончаи пахтахушкунӣ барои хирман бояд мумфарш( асфалтпӯш) ё бо лой бо ғафсии 5 см. андова карда шуда бошад. Истгоҳи тракторҳо, автомобил ва мошинҳои пахтачинӣ, ҷойи таъмиркунӣ,равғанмолӣ ва бо сӯзишворӣ таъминкунӣ бояд на камтар 100 метр дуртар аз хирман ҷойгир шуда бошанд.

Дар саҳро нақлиёти пахтачинӣ ва ё дигар техникаи бордонаш аз пахта пур шабона гузоштан манъ мебошад.

Ҳангоми дар бордони мошинҳои пахтачинӣ ва ё пахтакашон оташгирифтани пахта , онро фавран ба ҷойи бехавф холӣ намуда, чораҳои хомӯш намудани сӯхторро зуд андешидан зарур аст.

Дар хирману нуқтаҳо ва корхонаҳои пахтақабулкунӣ аз байни деҳқонону кормандон дастаҳои идоравии оташнишонӣ ташкил намуда, ба онҳо тарзи пегирӣ ва хомӯш намудани сӯхторро омӯзонидан лозим аст.Тибқи талабот хирманҳо дар наздикии ҷӯй ё ҳавзҳои обдошта ҷойгир шуда, бо воситаҳои аввалиндараҷаи сӯхторнишонӣ, мотопомпаи обкашии зиддисӯхторӣ, дастурамали махсус ва нишонаҳои зиддисӯхторӣ таъмин карда шуда, онҳо на камтар аз 150 метр дур аз хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир бошанд. Дар ҷойҳои пахтағарамкунӣ афрӯхтани гулхан ва чокидани тамоку қатъиян манъ мебошад.

Корхонаҳои пахтатозакунӣ, нуқтаҳои  қабули пахта ва хирманҳо бояд барои пешгирии сӯхтор бо насосҳои обдиҳӣ, матапомпаҳо, рӯдаҳо, милҳо ва ҳамчунин бо автомобилҳои  оташнишонӣ бояд ҳатман таъмин бошанд.

Бо риояи ҳамаи талаботи мазкур мо метавонем, сарвати бебаҳои кишвар – “тиллои сафед”-и бо заҳмати зиёди марди деҳқон ба дастовардаро аз коми оташ ҳифз намоем. Зеро хуб гуфтаанд: “Пешгирии сӯхтор аз хомӯш намудани он осонтару арзонтар аст”.

Шаҳрвандони муҳтарам, роҳбарони корхона ва нуқтаҳои қабули пахта, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ассотсиатсияҳо, ҳамаи масъулини соҳаро зарур аст, ки дар ин мавсим бомасъулияту бодиққат бошанду ҳосили фаровони пухтарасидани пахтаи мардаи деҳқонро аз ҳодисаи нохуши сӯхтор ва нобудшавӣ нигаҳ бояд дошт, зеро пахта давлат ва мову шумост.

Ба диққати шаҳрвандон, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперавтивҳои истеҳсолӣ расонида мешавад, ки ҳангоми сар задани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор сари вақт ба Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо телефонҳои 101, ( 83442) 3-10 -40 занг зада, оиди ҳодисаи сӯхтор хабар расонед.

Фаридун АХУНОВ,

нозири калони назорати

давлатии бехатарӣ аз сӯхтори

қисми мустақили 36-уми

ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии

 оташнишонӣ оид ба муҳофизат

дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

лейтенанти калони хизмати дохилӣ

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ТИБҚИ АМРИ РАИСИ НОҲИЯ № 125, аз 22.10.2024 ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

  1. Сармутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1809,60 сомонӣ.

  1. Мутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1218 сомонӣ.

  1. Мутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷо Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1809,60 сомонӣ

  1. Мутахассиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1218  сомонӣ

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати шаҳраки ­ Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Хистеварз -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Овчиқалъча -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Ёва -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Ғозиён -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Д.Холматов -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Исмоил -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Зарзамин -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ

  1. Сармутахассис – муҳандис заминсози Ҷамоати деҳоти Чашмасор -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати дехоти Зарзамин - 1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати дехоти Исмоил - 1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати дехоти Чашмасор - 1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати шаҳраки Ғафуров - 1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассис оид ба масъалаҳои омори Ҷамоати Овчиқалъача- 1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Унҷӣ-1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.

  1. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Ёва -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.                 

  1. Мутахассиси пешбари сохтмон, саноат ва ободонии ҷамоати шаҳраки Ғафуров -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ;

  1. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Чашмасор -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ;

  1. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Унҷӣ -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ;

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, кор бо кадрҳо, назорат ва бойгонии ҷамоати деҳоти Исмоил -1 ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ;

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Овчиқалъача -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Унҷӣ -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Д.Холматов -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Исфисор-1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Ғозиён -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Зарзамин-1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов-1 ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

  1. Мутахассиси пешбар оид ба масъалаҳои кишоварзии ҷамоати деҳоти Чашмасор-1ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Ғафуров -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ

  1. Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ғозиён -1 ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

  1. Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати деҳоти Д.Холматов-1 ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

  1. Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати Зарзамин-1 ҷой;

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

  1. Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати деҳоти Исфисор -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

  1. Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии Ҷамоати деҳоти Унҷӣ -1 ҷой:

Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

  1. Мутахассиси андози ҷамоати деҳоти Ёва -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1160 сомонӣ

  1. Мутахассиси андози ҷамоати деҳоти Хистеварз -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1160 сомонӣ

  1. Мутахассиси андози ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов -1ҷой;

Маоши мансабӣ 1160 сомонӣ

         

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишҒолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Аз довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доҒи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноьияи Бобожон Щафуров баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

 

Инчунин ба вазифаи мудири хоҷагии дастгоҳи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маоши 1218,00 (як ҳазору дусаду ҳаждаҳ) сомонӣ ба кор қабул карда мешавад.

 

Суроғаи қабули  ҳуҷҷатҳо:

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати шаҳраки Ғафуров, кўчаи А.Нозиров 14, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ошёнаи 2, утоқи № 3 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, телефон 3-16-01, факс 3-16-01 суроҒаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра."mihd.bgafurov@mail.ru

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.