ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ

     Ба ифтихори Рӯзи дониш дар назди муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии таълимӣ бо муосиртарин таҷҳизот ба истифода дода шуд.

Зимни ифтитоҳи бинои мазкур муовини раиси ноҳия Дилором Турсунзода, раиси шурои директорони МТИК вилояти Суғд Шаҳобиддин Мирзоахмедов ва дигар намояндагон иштирок ва суханронӣ намуда, дар ҳаёти ҷавонон омӯзиши касбу ҳунарро муҳим ва кафолати зиндагии шоиста дар ояндаи наздик арзёбӣ намуданд.

Дар кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешида шуда, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ 1 Литсейи касбии техникӣ, Филиали муассисаи давлатии маркази таълимии калонсолон фаъолият мебарад. Ҳамзамон аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳрак ва 12 ҷамоати деҳот ҷиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидани шаҳрвандон мунтазам ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида мешавад.

ЧОРАБИНИИ ТАРҒИБОТӢ - ТАШВИҚОТӢ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА"

         Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби фарҳанги миллӣ, расму оин ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни занон дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабиниҳои фарҳангӣ - маърифатӣ бо усули “Деҳа ба деҳа” баргузор шуда истодаанд.

Ин навбат дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов доир гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби масъулин оид ба ҳунаромӯзии ҷавонон, риояи одоби либоспӯшии миллӣ ва ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас, махсусан, ҷавондухтарон, омодагии онҳо ба ҳаёти мустақилона ва дигар масъалаҳои ҳалталаб маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ин тадбирҳо тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ба ҳаёти оиладорӣ омода намудани онҳо, инчунин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзу такомул додани фарҳанги миллӣ, махсусан, одоби либоспӯшӣ мебошад.

СОҲИБКАСБИИ ДУХТАРОН ҲАТМИСТ

       Дар шӯрои духтарон масъалаи азхудкунии илму дониш ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани духтарон баррасӣ гардиданд. Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни баррасии масъала аз шароити беҳтарини таълиму тадрис дар даврони соҳибистиқлолӣ, Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ ҷиҳати рушди соҳа ва дар баробари ин бо далелҳои муътамад аз беҳунариву бедонишии бархе аз духтарон ва баъди оиладоршавии онҳо ба гирдоби сарбаста рӯ ба рӯ шудану рафъ карда натавонистани мушкиливу монеаҳо ва ночор ба корҳои ношоям даст задани онҳо ибрози андеша намуд.

  • Илму ҳунар кафолати зиндагии шоиста мебошад. Мустаҳкамии оила ва оиладорӣ аз маърифати ҳамаҷониба вобастагӣ дорад. Шароити зиндагӣ тақозо менамояд, ки зану шавҳар барои пешрафти рӯзгор якҷоя кӯшиш намоянд. Барои хушбахтиву зиндагии созгор донишу савод, касбу ҳунар лозим аст. Агар духтар соҳибилму соҳибкасбу соҳибҳунар бошад, оилаи шоиста бунёд карда метавонад. Фарзандони нек тарбия карда метавонад. Дар оила ва ҷомеа метавонад мақоми шоиста касб намояд, - таъкид дошт, Ӯғулой Ҳоҷибоева.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои дигари марбут ба одобу ахлоқ, иффату покизагӣ ва ба корҳои номатлуб даст назадани духтарон мавриди таҳлил қарор гирифт. 

Дар интиҳо духтарони фаъоли муассиса бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.   

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.