Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар ҳавои гарм либосҳои аз матои табиӣ пӯшед, бештар об нӯшед, мева ва ғизои сабук истеъмол кунед! »

Болоравии ҳарорати ҳаво сабаби об шудани барфи баландкӯҳҳою пиряхҳо гашта, хавфи резиши санг, лағзиши тарма, омадани сел ва болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳоро ба вуҷуд меорад, — чунин изҳор доштааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба болоравии ҳарорати ҳаво, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ аз 24 то 31 июли соли равон дар ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ин иртибот, аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳангоми ҳузур дар соҳили дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо эҳтиёт намуда, кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Ҳамчунин Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад ба хотири риояи бехатарӣ тавсияҳои зеринро риоя намоянд:

Давоми рӯз тирезаҳои хонаатонро пӯшед, бахусус агар онҳо ба самти офтоббаро боз шаванд. Аммо шабона агар ҳарорати ҳаво паст шуда бошад, метавон тирезаҳоро боз кард, албатта, агар ин бехатар бошад.

Ҳангоми шамол додани хона кӯдаконро беназорат нагузоред.

Ҳарорати дохили хонае, ки бо ҳавополо сард карда мешавад, набояд поинтар аз +23+24 дараҷа бошад. Тобистонҳо ҳама бемориҳои шамолхӯрдагӣ бар асари истифодаи нодурусти ҳавополо, истеъмоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва яхмосҳо рух медиҳанд.

Аз нурҳои мустақими офтоб худдорӣ кунед, кӯшиш намоед дар соя бимонед. Бахусус бо кӯдакони то сесола гардиш кардан дар кӯча тавсия дода намешавад. Аз иҷрои корҳои вазнин ҳам худдорӣ кунед.

Либосҳои тунуку сабук пӯшед, дар сар кӯлоҳ дошта бошед, чатр ва айнакҳои ҳимоя аз офтоб низ заруранд, бахусус барои касоне, ки рӯзона кор ё ҷойи дигар мераванд.

Бештар об бинӯшед. Мева истеъмол кунед, зеро онҳо манбаи аслии витаминҳои гуногунанд. Беҳтараш оби ҷӯшомадаро нӯшед, обе ки баъди ҷӯш омадан дар ҳарорати хона сард шудааст. Аз нӯшидани оби сард худдорӣ кунед, зеро ин сабаби паст шудани сатҳи сироятпазирӣ мешавад ва шумо зуд-зуд ба ҳар беморӣ гирифтор мешавед. Аз нӯшидани обҳои газдор ва обҳои ширин, ҳамчунин нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Кӯдаконро дар дохили мошинҳо танҳо нагузоред. Пеш аз он ки ба мошине, ки дар офтоб истодааст, нишинед, аввал дарҳои онро боз кунед.

Агар одами гармозадаро дидед, фавран ӯро дар соя хобонед, тавре, ки шамол ба рӯяш расад, ӯро водор созед, то қатра-қатра об бинӯшад, баданашро бо латтаи намнок пок созед. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ дода шавад.

Ҳангоми истироҳат дар соҳили махзанҳои об ва оббозӣ ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя намоед.

Одамоне, ки аз бемориҳои қалб ранҷ мебаранд, дар гармо чӣ бояд кунанд?

Ҳамеша доруҳои таъйиншударо бояд бо худ дошта бошанд.

Ҳатман он доруеро, ки барои субҳ духтур таъйин кардааст, истеъмол намоянд.

Бо худ бояд оби бегаз дошта бошанд.

Рӯймол ва ё дастпоки коғазӣ бо худ дошта бошанд, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар карда, бо ин васила ҳарорати бадани худро муътадил нигоҳ доранд.

Дар офтоб худро насӯзонед ва кӯшиш кунед аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.

Агар кӯча хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.

Либосҳо аз матои табиӣ пӯшед.

Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.

Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед.

Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.

Дар ҳоли пеш омадани ҳолатҳои ногувор бо телефони 112; 93 8802819; 223-13-11 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар диҳед!

Бознашр аз саҳифаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА"

   Дирӯз дар доираи эълон гардидани "Соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ" Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маҳаллаи "Навбаҳор" ва "Тоҷикистон"-и ҷамоати деҳоти Зарзамин вобаста ба захираҳои хӯрокворӣ барои зимистонгузаронӣ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, ободу тоза намудани маҳалли зист, ҳунарманд намудани ҷавондухтарон, пешгирии шомилшавии сокинон ба равияҳои террористиву экстремистӣ, бегонапарастӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, риояи қатъии танзими ҷашну маъракаҳо ва фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон суҳбат намуд.

Инчунин Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия масъалаҳои болозикрро бо далелҳои муътамад шарҳ дода, даъват ба амал овард, ки занон чун бо донишу хиради воло ва сарфаву сариштакорӣ ба масъалаҳои матраҳшуда муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.  Ҳамзамон дар мулоқот сармутахасиси шуъбаи кор бо занон ва оила ва масъулини ҷамоат ва деҳаю маҳаллаҳо иштирок ва ибрози андеша намуданд. Дар идома аъзоёни гурӯҳи корӣ аз шуғли занону бонувони хонашин ва ҷавондухтарон дар давраи таътили тобистона боздид ба амал оварданд.

Дафтари матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҷамоати деҳоти Чашмасор: ИДОМАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРУҲҲОИ ТАРҒИБОТИИ НАЗДИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бахшида ба эълон гардидани "Соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ" бо сокинони деҳоти Мирзоработ ва Некроҳ вобаста ба риояи қатъии танзими ҷашну маъракаҳо ва фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, захираҳои хӯрокворӣ барои зимистонгузаронӣ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, ободу тоза намудани маҳалли зист, ҳунарманд намудани ҷавондухтарон, пешгирии шомилшавии сокинон ба равияҳои террористиву экстремистӣ, бегонапарастӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дигар муаммоҳои ҷойдоштаи маҳал ташкилу баргузор карда шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.