КОНСТИТУТСИЯ-ШУКӮҲИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ

   

    Конститутсия ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва таҳкимбахши арзишҳои соҳибистиқлолӣ муаррифкунандаи давлати тоҷикон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ мебошад. Қабули ин санади олии ҳуқуқӣ, низоми зиндагии моро мувофиқ ба талаботи замони муосир муқаррар кард.

   Маҳз дар Конститутсия ниҳодҳои бунёдии давлати муосири Тоҷикистон, принсипҳои нави давлатсозӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, арзиши олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ  нақши меҳварӣ ва инъикоси меъёрии худро касб намудаанд, зеро Конститутсия ҳуҷҷати барномавие мебошад, ки дурнамои пешрафти давлату ҷомеаро муайян мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар шароити ниҳоят мураккаб ва ҳассоси кишвар қабул гардида, ҳадафи асосии он танзим намудани муносибатҳо дар ҷомеа, муқаррар кардани асосҳои сохтори конститутсионии давлат, муайян намудани ҷойгоҳи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва амиқан дарҷ кардани сохтору салоҳияти ниҳодҳои муҳими давлатӣ мебошад. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф зарурати ҳамовозии халқ ба миён омад, ки аксарият ба ҷонибдории қабули Конститутсия овоз доданд.

6-ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Дар ин санади олии ҳуқуқӣ як зумра масъалаҳои муҳим мавриди танзим қарор гирифтанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора зикр карда буданд: “Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта ба фаъолият шурӯъ кард. Ва дере нагузашта маълум гашт, ки қолаби кӯҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест”.

Ҷиҳати танзим намудани муносибатҳои нави ҷомеа ва мутобиқ сохтани меъёрҳои қонуни асосӣ вобаста ба талаботи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зарурати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба (26 сенябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Дар маҷмӯъ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 30-соли мавҷудияташ заминаи воқеии бунёди низоми ҳуқуқии миллӣ ва ташаккули низоми қонунгузории ватаниро гузошт.

Бо қабули ин санади муҳими давлатӣ мамлакати тозаистиқлоли мо ба роҳи рушду тараққиёт ворид гардида, дигаргуниҳои куллӣ дар саросари кишвар ба вуҷуд омаданд. Ҳадафи асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини волоияти қонун , амнияти ҷомеа, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ташаккул додани ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад.

Мусаллам аст, ки ҳаёти ҷамъиятии ҳар як давлат дар асоси низоми ҳуқуқӣ пеш рафта, волоияти қонун аз муҳимтарин принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд дониста мешавад, зеро агар дар ҷомеа ҳуқуқ ва қонуният риоя нагардад, пас, дар чунин ҷомеа адолати иҷтимоӣ таъмин карда намешавад.

Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  асоси воқеии ҳуқуқии рушди демократии давлати Тоҷикистон ва устовории ҷомеа гардид. Рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ, амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияти тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи озодиҳои шаҳрвандон маҳз тавассути ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон таъмин гардид.

30- соли амали Конститутсия нишон дод, ки ин ҳуҷҷати муҳими сиёсию ҳуқуқӣ дар худ фарҳанги миллати қадимаю тамаддунсози тоҷикро таҷассум намуда, имрӯз ва оянда барои мардуми шарифи кишвар хизмати сазовор карда метавонад.

Дилором Убайдуллоева, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров                         

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.