ПАЁМ: Нақши занон дар эъмори давлати муосир
- Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан - модар ҳамеша ҷойгоҳи хоса дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа, маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар воқеан боло рафтааст, - ин нуктаи муҳиме, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки таърихи 28 -уми декабри соли 2024 дар толори нави бинои бошукӯҳи Парлумони Тоҷикистон баргузор гардид, мо бонувонро рӯҳбаланд менамояд, зеро арзиши маънавии ин андеша эҳтиром ва боварии эшонро нисбати зан-модар афзун намудааст. Баланд бардоштани мавқеи занону бонувон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дар паём масъалаи меҳварӣ буда, боиси ифтихор аст, ки Ҳукумати кишвар, хоса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони таъсиси давлати навини тоҷикон ба ин масъала диққати махсус равона кардаанд.
Дар паёми ироагардида таъкид намуданд, ки саҳми бузурги бонувон дар роҳи пешбурди соҳаҳои мухталиф иштирокашон дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва таълиму тарбияи насли наврас басо назаррас аст.
Воқеан, имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбурди ягон соҳаро бидуни иштироки занону модарон тасавввур кардан номумкин аст. Саҳми онҳо дар ҷомеа ба ҳайси зан - омӯзгор, зан - табиб, зан -муҳандис, зан -ронанда, зан - рӯзноманигор, зан - ҳомии ҳифзи ҳуқуқ, зан - роҳбар хеле калон аст. Сарвари давлат дар робита ба ин масъала зимни паёми навбатӣ зикр карданд, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор занону бонувони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Ин суханони воло ва саршор аз меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба шахсият ва шаъну шарафи зан - модари тоҷик басо қиммат ва арзишманд мебошад. Ҳамзамон Пешвои миллат, дар идомаи суханрониашон ба матонату иродаи занону бонувони тоҷик баҳои баланд дода, таъкид намуданд: “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.”
Қайд кардан ба маврид аст , ки зан - модар дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асоси дошту дорад, зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ, шодиву хурсандӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокии зан аҳамият дода кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои хонавода маърифатнок тарбия ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, ба хотири устувории оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар дар ҷомеаи мо оилаи солим бунёд мегардад.
Президенти мамлакат бо як ҷаҳон эҳтиром занону бонувонро офарандаи ҳаёт, эҳёкунандаву нигоҳдоранда пайвандгари наслҳо, тарғибгару посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ, расму оинҳои асилу бостонии халқамон, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши руҳу ҷон унвон карданд. Зеро тифл худро дар домони поки модар мешиносад. Ӯ медонад, ки модар дар баробари офарандагӣ ҳисси бузурги бахшояндагиро дорад. Аз ин рӯ, масъулияти бонувон дар назди халқу миллат зиёд аст. Сарвари давлат чун шахси заршинос ҳамеша қадри занро дар ҷомеа болотар аз ҳама чиз медонанд.
Ҷавобан ба меҳрубониву самимияти беандоза, мо занону бонувони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷонибдори ҳамешагии дастуру тавсияҳои Пешвои муаззами миллат буда, ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву фарҳанггии кишвар, тарбияи фарзандони ватандӯсту бомаърифат ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳои давлатӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони азиз саҳми арзишманд мегузоранд.
Ӯғулой Латифӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.