ХОТИРАИ НЕКИ ФАРЗАНДИ БАРӮМАНДИ ДИЁР АБАДӢ ГАРДИД

Дар маҳаллаи «Масҷиди сурх»-и деҳаи ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов ба муносибати номгузории кӯча ба номи фарзанди барӯманди диёр, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Чорабиниро раиси ҷамоати деҳот Баҳриддинхоҷа Нозимов ифтитоҳ бахшид.

 

Муовини якуми раиси ноҳия Фаррух Абдуллозода зимни баромадаш қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро дар бораи иваз шудани кўчаи «Одил»-и деҳа ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ба самъи ҳозирин расонид. Зикр гардид, ки хизматҳои шоистаи Шоири халқии Тоҷикистон - Нурмуҳаммад Ниёзӣ дар рушду нумўи адабиёти тоҷик, хоса назми муосир шоистаи таҳсин аст. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод зимни суханронӣ гуфт:

-Устод Нурмуҳаммад Ниёзӣ дар қатори дигар нобиғагони қадимтарини деҳаи Хуҷанди бостон - Рўмон, ки таърихи 10 ҳазор сола дорад, ба монанди Фахрии Рўмониву Аминҷон Шукўҳӣ, Аскар Ҳакиму Маъруфхоҷа Баҳодуров, Маъруф Бобоҷон, Анвар Олиму Неъмати Оташ, ки дар тараққиёту пешрафти адабиёт, илм ва санъати тоҷик хидматҳои басо шоиставу арзанда кардаанд, номи худро дар таърихи миллати тоҷик тавассути шеъру ғазалҳояшон бо ҳарфҳои заррин сабт намудаанд. Як худи ғазали устод "Тоҷикам ман" - ро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ мехонанду ба муаллифаш арҷ мегузоранд.

Нависанда Аюби Кенҷа, шарикдарси мактаби олии шоир хотираҳои рангини хешро аз солҳои донишҷўӣ ва ҳамкории эҷодиашон баён дошт.

Хотираи неки шоир дар чойхонаи маҳаллае, ки он ҷо зиндагӣ мекарду дар он бо ҳамдеҳагонаш суҳбатҳои гарму ширин меорост, бо базми ширу шакар идома кард.

Шоирон Аҳмадҷони Раҳматзоду Мирзо Шакурӣ ва Ҷўра Юсуфӣ шеър хонданду Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Аминов аз шеърҳои шоири зиндаёд сурудҳо замзама намуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.