ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМГОҲҲО ТАКМИЛТАЛАБ АСТ

          19-уми октябри соли 2024 дар литсейи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм, сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маорифи вилоят, мудирони шуъбаҳои маориф, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар шахсони масъул ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат доштанд.

      Нахуст вазири маориф ва илм ҷала­саи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро оид ба вазъи иҷрои нақшаву бар­номаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Истиқлол, Бобоҷон Ғафу­ров, Мастчоҳ ва Ашти вилояти Суғд оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзно­маи ҷа­ласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.

Сипас гузориши сардори раёсати таҳ­силоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Шарофиддин Асомиддинзода «Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сат­ҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои мин­тақаи Хуҷанди вилояти Суғд» шунида шуд.

Таҳсилоти томактабӣ

Дар рушду инкишофи кӯдак таҳ­силоти томактабӣ зинаи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад ва маҳз ин зина дар омода намудани кӯдак ба таълим ва ташаккули равонию ҷисмонии ӯ мусоидат менамояд.

Аз ин ҷост, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сол аз сол талабот нисбат ба муассисаҳои томактабӣ зиёд гардида, айни замон дар вилояти Суғд 286 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 46908 кӯдак дар 1802 гурӯҳ ва 1003 гурӯҳи инкишофи кӯдак бо фарогирии 22173 кӯдак амал менамояд. Фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томак­табӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 69081 нафар (25%)-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 6777 кӯдак (3%) зиёд гардидааст.

Дар баробари ин, фарогирии кӯда­кон ба таҳсилоти томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 13,3%, Пан­ҷакент 16,8%, Деваштич 17,7% буда, аз сатҳи вилоят пасттар мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 2378 нафар мураббӣ ба таълиму тарбия машғул буда, аз ин 1506 нафар (63,3%) дорои таҳсилоти олӣ, 392 нафар (16,4%) дорои таҳсилоти олии нопурра ва 480 нафар (20,3%) дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

Агар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 63,3%-и мураббиён бо таҳсилотии олӣ фаъолият намоянд, ин нишондиҳанда дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол 26,3%, Мастчоҳ 33,8% ва Исфара 49,3% аст, ки аз сатҳи вилоят паст мебошад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда, аз ҷумла, Истиқлол аз 19 нафар 14 нафар (73,6%) ва Мастчоҳ аз 65 нафар 34 нафар (52,3%) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъ­олият менамоянд, ки аз сатҳи вилоят зиёд мебошанд.

Нишондоди мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 59,3%, Конибодом 57,2%, Деваштич 29,2% ва Ҷаббор Расулов 23,5%-ро ташкил медиҳад ва ин вазъ ислоҳи ҳар чи зудтарро тақозо дорад.

Омили дигари паст будани сатҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таври дахлдор иҷро нагардидани Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316) мебошад.

Тибқи талаботи барномаи мазкур дар давоми солҳои 2020-2023 дар вилоят бояд 96 муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта, ба истифода дода мешуд. Аммо то ин давра 23 муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки 24% -и нақшаро ташкил медиҳад. Рафти иҷрои барномаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 112,5%, Исфара 50%, Гулистон 40%, Хуҷанд 37% ва Мастчоҳ 33%-ро ташкил медиҳад, ки аз сатҳи вилоят аз 5 то 85,5% зиёд мебошад.

Мутаассифона, ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти то­мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Деваштич, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ягон муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта, ба истифода дода нашудааст.

Таҳсилоти умумӣ

Таҳсилоти умумӣ барои ҳамчун шахсият ташаккул ёфтани кӯдакону наврасон нақши муассир дошта, таваҷҷуҳи доимиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба рушду инкишофи ин зинаи таҳ­силот мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар соли таҳсили 2024-2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 959 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ (0,8%), 42 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ (4,3%), 839 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (87,4%), 34 гимназия (3,5%), 28 литсей (3%), 1 мактаби Президентӣ (0,1%) ва 8 мактаб-интернат (0,9%) фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 7 муассисаи таълимӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бобати ба таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро гирифтани хонандагон аз 48 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, ки дар соли таҳсили 2023-2024 фаъолият менамуданд, дар соли таҳсили 2024-2025 6 ададашон (12,5%) ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдили мақом намуданд.

Аммо дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент 12, Айнӣ 10, Кӯҳистони Мастчоҳ 8, Масчоҳ 4, Исфара 3 ва Ашт 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ фаъолият менамоянд, ки ин ҳолатро метавон ҳамчун нишони бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба амалӣ гардидани талаботи мазкур тавсиф бахшид.

Дар соли таҳсили 2024-2025 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят 578 343 нафар (283 750 – 49% духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 7780 нафар хонанда зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар муассисаҳои таълимии шарҳу ноҳияҳои вилоят 37 610 нафар омӯзгор (26 632 зан (70,8%) ба таълиму тарбия машғул буда, аз ин 32 157 нафар (85,4%) дорои таҳсилоти олӣ, 1560 нафар (4,3%) дорои таҳсилоти олии нопурра ва 3893 нафар (10,3%) дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят дар соли таҳсили 2023-2024 37027 омӯзгор фаъолият менамуд. Ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2024-2025 ба 37 610 нафар омӯзгор расидааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 583 нафар омӯзгор зиёд мебошад.

Соли таҳсили 2024-2025 дар муас­сисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 3893 (10,3%) омӯзгор бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд. Яъне, нисбат ба соли таҳсили 2023-2024 98 нафар омӯзгори дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ кам ва 579 нафар омӯзгор бо таҳсилоти олии касбӣ зиёд гардидааст.

Дар соли таҳсили 2024-2025 дар шаҳру ноҳияҳои санҷидашуда, аз ҷумла, Мастчоҳ 423 (23,6%), Истиқлол 24 (14,2%) ва Ашт 358 (11%)-и омӯзгор бо таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд.

Инчунин, масъалаи мазкур дар шаҳ­ру ноҳияҳои Конибодом 23,1%, Кӯҳистони Мастчоҳ 21,2% ва Шаҳристон 12,1%-ро ташкил медиҳад, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо бе таъсир монда наметавонад.

Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманди педагогӣ дар асоси Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 338 нафар донишҷӯи курсҳои 4 ва 5-и равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷалб гардиданд.

Таҳсилоти иловагӣ

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳунарҳои мардумӣ, касбомӯзӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну чорабиниҳои ноҳиявӣ, минтақаваӣ ва ҷумҳуриявӣ дар назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят марказҳои дарёфту рушди истеъдодҳо, таҳ­силоти иловагӣ ва технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ ташкил карда шудааст.

Айни замон дар вилояти Суғд 28 маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамояд.

Бояд зикр кард, ки Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва марказҳои таҳсилоти иловагии №№2, 3-и шаҳри Панҷакент мустақилияти молиявӣ ва 6 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Айнӣ, Ҷаббор Расулов ва №№2, 4 Бобоҷон Ғафуров бинои алоҳида надоранд.

Ҳамчунин, 12 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ бинои алоҳида ва 11 марказ мустақилияти молиявӣ надоранд.

Шоистаи қайд аст, ки аз ҷониби омӯзгор ва таълимгирандагони Маркази таҳсилоти иловагии №2-и ноҳияи Б.Ғафуров электромобилҳо ихтироъ шудаанд. Дар ин замина, хонандагони маркази мазкур ба даври ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва таҳсилоти иловагии шаҳри Исфара ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Ихтироъкорони наврас» роҳ­хат гирифтаанд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» таълимгирандаи Маркази таҳсилоти иловагии №5 –и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи якум гардидааст.

Технологияи муосир

Бо мақсади рушди низоми техноло­гияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи технологияҳои таълимии муосир, усулҳои инноватсионии таълим ва ташкили фазои ягонаи иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят 24186 компютер 2173 (10%), 1566 тахтаи электронӣ, 1917 видеопроектор ва 3459 принтер 249 (7%) корношоям мебошанд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ 32%, Кӯҳистони Мастчоҳ 24,5%, Истиқлол 24% ва Айнӣ 18% компютерҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд.

Назорати дохилимуассисавӣ

Дар аксар муассисаҳои санҷидашуда баррасии қонунҳо, стратегия, барномаҳои давлатии соҳавӣ тибқи тартиби муқаррарӣ ҷо ба ҷо нашуда, инчунин, рафти амалигардонии онҳо дар шурои педагогӣ ва ҷаласаҳои назди директорони муассисаҳои таълимӣ баррасӣ нагардидааст, ҳуҷҷатнигорӣ низ тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Аз ҷумла, чунин ҳолат дар муассисаҳои таълимии №6 шаҳри Истиқлол, №14,16 ноҳияи Мастчоҳ, №37 шаҳри Исфара, №3 шаҳри Гулистон ва №25,50 ноҳияи Ашт ба назар расид.

Аз ҷониби роҳбарони шуро ва иттиҳодияи методии фаннӣ нақша-чорабиниҳо таҳия гардида бошад ҳам, на дар ҳа­маи муассисаҳои таълимӣ протоколи ҷаласаҳои гузаронидашуда, маълумотнома оид ба иҷрои корҳо тибқи талаботи Низомномаи Шурои методӣ (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2013, №18/27) ба назар мерасад. Чунин ҳолат дар муассисаҳои таълимии №8,37-и ноҳияи Ашт, №6-и шаҳри Истиқлол, литсейи №1-и шаҳри Исфара мушоҳида гардид.

Ҳангоми таҳлили фаъолияти шурои методии муассисаҳо муайян шуд, ки фаъолияти шуро ва иттиҳодияҳои методӣ ба такмил ниёз дорад.

Дар муассисаҳои таълимии санҷида­шуда нақшаи кори солона таҳия шуда бошад ҳам, мавзуъҳо куҳна буда, сол ба сол такроран рӯбардор мешаванд.

Дар нақшаҳои солона вобаста ба иҷрои барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таъли­мӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» на дар ҳамаи муассисаҳои таълимии санҷидашуда пешбинӣ гардидааст. Ҳолати мазкур дар муассисаҳои таълимии №6-и Истиқлол, №36-и Ашт, №17-и Мастчоҳ, №3-и Гулистон, №80-и Бобоҷон Ғафуров ва №19-и шаҳри Хуҷанд ба назар расид.

Дар таҳияи мавзуъҳои шурои педагогӣ ва ҷаласаҳои назоратии назди диектор, аз ҷумла, дар муассисаи таълимии №4-и Мастчоҳ, №1-и Истиқлол, №36, №33-и шаҳри Исфара рафти татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, «Барномаи давлатии дар­ёфт ва рушди истеъдодҳо», «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои му­ҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030» ба нақша гирифта нашудааст ва мавриди баррасӣ низ қарор нагирифтааст.

Муассисаҳои мазкур нақшаи солонаи худро таҳия ва тасдиқ намуда бошанд ҳам, дар онҳо на ҳама паҳлуҳои самти соҳаи маориф ба назар гирифта шудааст.

Яке аз самтҳое, ки ба таъмини сифати таҳсилот таъсири манфӣ мерасонад, тибқи талабот таҳия нагардидани ҷадвали дарсӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии санҷидашуда дар ҷадвали дарсӣ номҳои фанҳои таълимӣ мутобиқ ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳои 2023-2024 ва солҳои минбаъда дарҷ нагардидаанд. Аз ҷумла, номи фанҳои таълимӣ чунин навишта шудааст: одҳ, тхт, ниёгон, нақша, ҳуқуқ, ҷисмон, суруд ва ғайра, ки амали таҳқиромез ва ношоиста аст.

Санҷиш нишон дод, ки дар муассисаҳои таълимии санҷидашуда оиннома таҳия ва бо қарори шурои педагогӣ тасдиқ гардидааст. Таҳлили оинномаҳо нишон дод, ки муҳтавои онҳо кӯҳна буда, зимни таҳияашон талаботи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст, бандҳои алоҳида ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мухолифат мекунанд. Хуб дарк мешавад, ки аксари оин­номаҳои муассисаҳои таълимии минтақа аз як нусха рӯбардор гардидаанд.

Масъалаи дигари ҳалталаб дар муассисаҳои таълимӣ ислоҳи баҳо дар рӯзномаи хонандагон мебошад.

Таҳлили дарс

Иштирок ва таҳлили дарс, назорат ва арзёбии сатҳу сифати дониши хонандагон, расонидани ёрии методӣ, муносибати омӯзгор бо хонандагон, иҷрои барномаҳои таълимӣ, риояи самараноки вақт барои таъмини сифати таҳсилот заминаи мусоид фароҳам меоварад. Тибқи талаботи Тартиби ба дарсҳои омӯзгорон иштирок намудани маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва дигар субъектҳои раванди таълиму тарбия, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2013, №20/28 тасдиқ шудааст, бояд директори муассисаи таълимӣ 70 соат ва муовини директор 170 соат дарси омӯз­горонро дар давоми як соли таҳсил таҳлил намоянд.

Мутаассифона, аз ҷониби муовинони директор талаботи мазкур ба таври дахлдор риоя намегардад.

Сифати таҳсилот

Бо мақсади муайян кардани сатҳу сифати дониши воқеии хонандагон аз онҳо корҳои хаттӣ гирифта шуд.

Натиҷаи санҷиш маълум намуд, ки сифати таҳсилоти шаҳру ноҳияҳои санҷи­дашуда 35,5% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 80,6%-ро ташкил медиҳад.

Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаҳои вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мақоми омӯзгор, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, ба таҳсили иловагӣ ҷалб намудани хонандагон, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар дарс, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олим­пиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва дастгирии омӯзгорони онҳо, фарогирии хонандагони синфи 9 ба 10 ва аз таҳсил дурмонда, риояи талаботи қонун­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм супоришҳои қатъӣ дод.

Дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишуда муовини раиси вилояти Суғд ва раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм суханронӣ намуда, баргузории ҷаласаи мазкурро амри зарурӣ маънидод карданд. Бо дарназардошти ироаи так­лифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ҳамчунин, дар фарҷом вобаста ба фаъ­олияти хуб дар якчанд самти кор шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо туҳфаи таъсисдодаи Вазорати маориф ва илм, 10 нафар собиқадори соҳа ва 20 нафар корманди техникии муассисаҳои таълимӣ бо туҳфаи махсуси Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ карда шуданд.

Ш. АСОМИДДИНЗОДА,
сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм,

Х. МАВЛОНОВ,
сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм

Бознашр аз саҳифаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.