МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ ДАР МИЗИ МУДАВВАР

   

   Бо мақсади тақвиятбахшии самти Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуби ҷомеа, ҷалби онҳо ба китобхониву ҳунаромӯзӣ, риояи одобу ахлоқи ҳамидаи духтари тоҷик, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар дар мавзуи "Ахлоқи ҳамида - зеби духтари тоҷик " баргузор гардид.

   Мизи мудаввар бо иштироки Уғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, - Нодира Шарипова, раиси Шӯрои духтарони коллеҷ, М.Абдувалиева, муовин оид ба кор бо ҷавонони коллеҷ, И.Абдуманнонова, мудири хобгоҳ ва 130 нафар донишҷӯдухтарони хобгоҳ сурат гирифта. Зимни суҳбат Ӯғулой Ҳоҷибоева, зикр намуд, ки донишҷӯӣ як давраи мукаммали донишандӯзӣ ва худсозӣ дар роҳи расидан ба мақсадҳои ояндасози шахс буда, аз ҳар нафар махсусан аз духтарони ҷавон масъулияту таҳаммулпазириро талаб менамояд.  Ин айём дар як навбат давраи ҳассос ва ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ мебошад. Бинобар ин, бо риояи талаботи ба донишҷӯ муқарраргардида дониш азхуд кардан, дар баробари ин иффату покизагӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи тоҷиконаро ҳифзу нигоҳ доштан низ аз муҳимоти ин давр ба шумор меравад. Ҳамзамон ӯ дар бораи ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, одобу ахлоқи ҳамидаи духтари тоҷик, шарму ҳаёи шарқиёна, пешгирӣ аз омилҳои номатлуб, истифодаи бемавриду зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯ наовардан ба фарҳанги бегона ва дигар мавзуъҳои муҳим сухан гуфта, донишҷӯдухтаронро ба донишандӯзию забономӯзӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, худшиносию ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ даъват намуд.

Таъкид шуд, ки донишҷӯёни хобгоҳ бояд аз шабгардӣ ва гаштугузори бемаврид дар кӯчаҳои шаҳрак худдорӣ намуда, ба реҷаи хобгоҳ риоя намоянд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки духтарон бояд аз китобхона ва дигар имконоти муассиса самаранок истифода бурда, айёми тиллоии умри хешро сарфи донишандӯзию илмомӯзӣ намоянд. Мизи мудаввар дар фазои озод ва саволу ҷавоби байни духтарон ва баромадчиён анҷом ёфт.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.