ҲАМДАМУ ҲАМРОЗИ МАРДУМ
«Ба ҳар даре, ки дохил мешавам, барои беҳбудии ҳоли беморон кӯшиш хоҳам кард ва аз ҳар кори дигаре, ки нописанд ва зишт бошад, ба таври ҷиддӣ худдорӣ менамоям ва аз он корҳо дурӣ меҷӯям. Он чӣ дар аснои мушоҳидаҳо ва муоинаҳо аз бемор ва атрофиёни вай мебинам ё мешунавам ва ё бароям кашф мешаванд, ба худ иҷоза намедиҳам, ки ба касе онро фош намоям, балки дар ҷумлаи ганҷинаи асрори тиббӣ онро ҳифз хоҳам кард».
Ин порае аз Савганднома мебошад, ки дар таърихи тиб ба номи «Савгандномаи Гиппократ» машҳур аст.
Ӯ арзанда ба савганди хӯрдааш содиқонаву софдилона бо тамоми ҳастӣ сатрҳои равону суфта ва ҷозибадори «Падари тиб»-ро ҳамеша дар мавҷи хотироти худ рӯнамоӣ карда, бо эҳсоси масъулият ифои вазифа мекунад. Рисолаташро дар ҷодаи интихобнамудааш ба хубӣ медонад ва онро ба дараҷае иҷро менамояд. Садоқатмандона ба савганди ёдкардааш дар бар хилъати сапед дар пайи саломатии ҷамъият саъю талош меварзад. Бо ҷаҳони муҳаббат, бо дили гарм ва дасти шифобахши худ беморонро неъмати беҳтарини зиндагӣ эҳдо мекунад. Дар иҷрои вазифаи пурмасъулияташ бас муъҷизаҳое меофарад, ки инсон ангусти ҳайрат медорад. Ӯро дар дил инсони ормонии худ мепиндорам, зеро дар сурату сират як аст. Шогирдонро дар мактаби обутоби худ бо тарзу усули хоса тарбия мекунад, то ояндаи дурахшон насибашон гардад. Ба қавле мақоли «Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар» барои вай гуфта шудааст. Вай дар тарбияи мутахассисони ҷавон бо тамоми ҳастӣ кӯшиш мекунад. Ӯ ҷонфидои воқеии солимии халқу миллат аст.
Дар андеша ҳастед, ки ӯ кист?
Дилшод Абдуфаттоевич Раҳимов - табиби ҳозиқ, номзади илмҳои тиб, мудири шуъбаи бемориҳои гурдаи Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсуб меёбад. Номбурда 20 феврали 1976 дар оилаи зиёӣ, дар шаҳри Душанбе, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1993 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90-уми шаҳри Душанберо хатм намуда, ба филиали хуҷандии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудааст. Пас аз хатми бомуваффақияти донишкада соли 1999 бо роҳхати Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан аз курси интернатура ба шуъбаи урологияи Беморхонаи марказии ноҳия равона шудааст. Баъди итмоми бахши интернатура фаъолияташро дар ҳамин беморхона чун пизишки уролог идома дода истодааст.
Соли 2008 фаъолияти меҳнатӣ, донишу заковат ва қобилияти ташкилотчигии Раҳимовро ба назар гирфита, ӯро ба ҳайси мудири шуъбаи урологияи беморхона таъйин намудаанд. Дар муддати фаъолияти кори худ ҳамаи таълимҳои муоина ва табобати ба соҳаи урология хосро азхуд намуда, айни ҳол ҷарроҳиҳои калон ва хурд, инчунин, ҷарроҳиҳои азнавсозию барқароркуниро мустақилона мегузаронад.
Дилшод Раҳимов аъзои Ассотсиатсияи урологони вилояту ҷумҳурӣ мебошад. Соли 2013 бошад ба вазифаи муовини раиси Ассотсиатсияи ҷарроҳони вилояти Суғд пешниҳод гардид. Соли 2019-2021 ба узвияти Шӯрои диссертатсионии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.
Аз моҳи феврали соли 2019 ҳамчун ходими пешбари илмии шуъбаи илмӣ-дастурии қисми илмии Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии илмию клиникӣ фаъолият дорад. Дилшод Раҳимов дар ин ҷамъиятҳо якчанд маротиба бо ҳар гуна масоили мубрами соҳаи урология маърӯза хонда, дар инкишоф ва густариши илми тиб, махсусан соҳаи урология хизматҳои бузург анҷом додааст.
Соли 2004 дар ДДБДТТ (ТИППМК) курси такмили ихтисосро дар мавзӯи «Асосҳои терапия» ва соли 2009 таҳти мавзӯи «Саволҳои мубрам дар урология» гузаштааст. Дар соли 2012 бошад дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия дар кафедраи эндоурологияи Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тиб дар мавзӯи «Эндоурология ва Литатрипсияи масофавӣ» такмили ихтисос намудааст. Соли 2010 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Навоварии муоина, амалиёти ҷарроҳӣ ва муолиҷаи сермаҳсул дар беморони гиперплазияи хушсифати ғадуди пешҷой» таҳти роҳбарии профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тавфиқ Қодирӣ ҳимоя намудааст.
Дилшод Абдуфаттоевич дар соҳаи худ соли 2011 мутахассиси дараҷаи олӣ маҳсуб мешавад. Ӯ дар ҳаёти меҳнатии беморхона баргузории машварату маҷлисҳо, конфронсу анҷуманҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва берун аз он иштироки фаъолона дорад. Мавсуф якчанд маротиба бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мукофотонида шудааст. Заҳматҳои шабонарӯзӣ, заковати фитрӣ ва фаъолияти босамари Раҳимовро ба назар гирифта, соли 2015 ӯро бо нишони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдиронидаанд. Номбурда оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад.
Табиби ҳозиқ, пизишки соҳибтаҷриба, ҷарроҳи бомаҳорат Дилшод Абдуфаттоевич Раҳимов вориси арзандаи Сино буда, ҳамдаму роздони дардмандон мебошад.Ӯ дар зиндагӣ рисолати худро чун фариштаи наҷот дар ҳифзи саломатии миллат мепиндорад. На танҳо ба дардҳо дармон мебахшад, балки бо муъҷизаҳои худ бо пайравӣ ба «Падари тиб» Буқроти бузург кашшофи ганҷинаи қимматбаҳост. Вирди забонаш сатрҳои зерин шоир мавҷзанон буда, дар дил меҳри ватандорӣ, дар сар фикри солимӣ ва дар даст китоби «Ал-Қонун» меросбари асили бузургони соҳаи тиб аст.
Мӯсобой Раҳимов,
табиб-урологи КАТС-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шогирд,
Ӯғулой Қосидова,
рӯзноманигор