БАҲРИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОСИФАТ МЕКӮШЕМ

Ба ифтихори зодсоли поягузори илми тиб, нобиғаи давру замон, офарандаи шоҳасари безаволи «Ал-қонун» - Абӯалӣ ибни Сино ҳамасола рӯзи кормандони соҳаи тиб дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

      Воқеан, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва яке аз самтҳои муҳиму аввалиндараҷаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар сиёсати иҷтимоии мамлакат мақоми калидиро соҳиб гаштааст. Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар зарфи 31 соли соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷиҳати баланд бардоштани тамоми зинаҳои соҳаи ҳифзи сиҳатии омма тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида шудаанд. Самараи неки истиқлолу озодӣ ва ваҳдати саросарӣ буд, ки меваҳои шакарбори замони истиқлолият дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт бо сад рангу накҳату таровиш ба бор омаданд. Дар ин росто соҳаи тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро низ метавон дар алоҳидагӣ зикр сохт.

 

    Дар арафаи таҷлили иди бошукӯҳи Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шашмоҳаи Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  мо бо  Муҳсин Алиев муовини сартабиб оид ба муолиҷаи беморхона ҳамсуҳбат шудем. Номбурда зимни суҳбат изҳор дошт, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат  ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва  солимии аҳолӣ соҳаи тандурустӣ густариши тоза пайдо намуда, корҳо дар ин самт бештар аз пештара вусъати тоза касб намудаанд.

   Таваҷҷуҳу эътибори давлату ҳукумат, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ буд, ки бунёди муассисаҳои тиббӣ, бо воридоти таҷҳизоту технологияи муосир бо маблағгузории буҷети соҳаи тандурустӣ бомаром идома ёфта, рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар баробари ин беҳтар шудани ҳолати хизматрасонӣ, тарзу усулҳои пешқадами ташхису муолиҷа роҳандозӣ гардидааст, ки талаби давру замон мебошад.

    Бино ба иттилои Муҳсин Алиев имрӯзҳо ба аҳолии ноҳия 171 нафар духтури соҳаи госпиталӣ ва 850 нафар корманди миёнасоҳаи тиб фаъолияти меҳнатӣ дошта, хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар ин давра ба муассисаҳои сохтори госпиталӣ 9 нафар ҳамшираи тибби ҷавон ба кор қабул карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 34 нафар ҳамшираи тиб, бинобар ба дигар кор гузаштан ва бо сабаби ба  нафақа баромадан аз кор озод гардид.

    Баҳри баланд бардоштани савияи дониш дар давраи ҳисоботӣ 16 нафар духтур аз курси бозомӯзии  такмили ихтисос гузашт, ки аз инҳо 1 нафар дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бевосита бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раёсати тандурустии вилоят, 9 нафар дар шаҳри Тошканди  Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ихтисосашонро такмил доданд. Боқимонда дар дохили кишвар такмили ихтисос намуданд, ки 85 нафари онҳоро ҳамшираи тиб ташкил медиҳанд.

Дараҷанокии тахассуси духтурон 60,4 фоиз  ва кормандони миёнсоҳаи тиб 38,8%-ро ташкил медиҳад. ҳоло дар муассисаҳои бистарии ноҳия 14 нафар номзади илми тиб, 6 нафар дорандаи мукофоти давлатӣ, 31 нафар аълочии нигаҳдории тандурустӣ фаъолият мебаранд.

Муайян гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилоят дар ҳамаи муассисаҳои бистарии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ воридоти стандартии протоколҳои муолиҷа амалӣ шуда истодааст.

Тибқи иттилоъ,  соли ҷорӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия даҳҳо таҷҳизоти муосири тиббӣ харида шу два он барои муайян кардани беморӣ ва сари вақт пешгирӣ намудани гирифторшавии мардум ба касалиҳои гуногун мусоидат мекунад. Ба ин васила  хизматрасонии босифати тиббӣ баъмин карда мешавад.

Қайд гардид, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо воридшавии таҷҳизот ва лавозимоти тиббии  замонавӣ намудҳои ҷарроҳӣ бо тарзи муосир, роҳҳои осон ба роҳ монда шуданд.

- Дар ҳудуди беморхона корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза пайдо карданд. Масалан, бо маблағгузории маъмурияти беморхона ва ёрии саховатмандон дар қисми шуъбаи ҳомиладорӣ аз  таъмири хушсифати асосӣ бароварда шуд. Самараи риояи дуруст ба  стандартҳои миллии момогӣ буд, ки оид ба ҳамаи нишондодҳои фаъолияти шуъба беҳтарӣ ба назар мерасад.

     Ҳамзамон анбор, ошхона ва қисми боқимондаи фасади беморхона барқарор гардид. Дар ин давра бинои шуъбаҳои таваллуд ва кӯдакона низ аз таъмир бароварда шуданд.  Даромадгоҳи бинои асосии беморхона пурра сафолакпӯш гардида,  дар ин қисмат ду фаввора гузошта шуд. Баҳри татбиқи стандартҳои миллӣ ва баланд бардоштани савияи дониши духтурон ва ҳамширагон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 44 семинари таълимӣ оид ба стандартҳои миллӣ ва фармонҳои амалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, - таъкид намуд ҳамсуҳбати мо  Муҳсин Алиев.

Аз ҷониби давлату ҳукумат ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда, инро метавон дар афзун гардидани шумораи кадрҳои тайёршуда татбиқи усулҳои муосири ташхиси табобати беҳтар гардидани шароити иҷтимоиву иқтисодии кормандони соҳа зимни зиёд гардидани музди маош, кӯмакпулиҳо ва таъмин намудан бо манзили зист ба қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ арзёбӣ намудан мумкин аст. Илова гардид, ки  дар худи беморхона барои ҳавасмандгардонии табибон ва кормандони миёнасоҳаи тиб корҳои мушаххас ба роҳ монда шуданд.  Бо пешниҳоди Шӯрои иттифоқи касабаи беморхона   соли ҷорӣ 15-20 нафар корманд ба осоишгоҳҳову марказҳои солимгардонӣ ройгон ҷалб гардид.

Зирк кардан бамаврид аст, ки дар беморхона тайи солҳои охир барои гузаштан аз муоинаи тиббии кормандони   беморхона ройгон ба роҳ монда шудааст. Ҳангоми бемор шудани кормандони бемористон  табобат бемузд ба роҳ монда мешавад. Ин тадбир ҳам яке аз чораҳои ҳавасмандгардонии кормандони соҳа маҳсуб  мешавад.

Ҷалби мутахассисони ҷавон ва кадрҳои соҳибтахассус бошад, дар беморхона торафт беҳтар мешавад. Ин амали нек дар таъминоти кадрӣ заминаи устувор мегузорад.  Ҳамсуҳбати мо дар  интиҳои сухан изҳори боварӣ намуд, ки кормандони соҳаи тибби Беморхонаи марказии ноҳия, якҷо бо коркунони беморхонаҳои деҳоти ноҳия, баҳри солимии аҳолӣ, баланд бардоштани маданияти хизматрасонии тиббӣ кӯшиш менамоянд ва тамоми донишу нерӯ ва маҳорату малакаи касбиашонро ба пешбурди соҳа масраф мекунанд.

Парвина РАҲИМОВА,

Шаҳноза ҚОДИРОВА,

хабарнигорони ҳафтаномаи «Хуҷанд»

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.