АҲАМИЯТИ ШИРИ МОДАР ДАР ЧИСТ?

Маслиҳати духтур

Дар замони муосир, рушди технологияи илмиву истеҳсолӣ, омода намудани шири сунъӣ хеле пешрафт гардида, дар дунё маҳсулоти шири сунъӣ серистеъмол ва серхаридортарин маҳсулоти фурӯшӣ ба ҳисоб меравад. Ин албатта манфиатовар аст, аммо таркиби ғизонокии он, шири модарро иваз карда наметавонад. Модарони ҷавон кӯшиш мекунанд, ки кӯдаки навзоди худро бо шири сунъӣ калон кунанд ва бо баҳонаҳои зиёд аз шири табиии модарӣ бебаҳра мемононанд. Дар ҳоле, ки шири модарро ягон шири сунъӣ ё шири ҳайвон ба мисли шири гов иваз карда наметавонад. Ҳарчанд, ки табибони оилавӣ, табибони шуъбаи таваллуд муҳиммияти шири модарро дар раванди инкишофёбии кӯдак хуб мефаҳмонанд, аммо наҳамавақт он аз ҷониби модарон риоя карда мешавад.  Баъзан модарон аз он нигаронӣ мекунанд, ки гӯё шири онҳо нокифоя ва кӯдак аз истеъмоли он қонеъ намегардад. Дар ин маврид аз махсусиятҳои шири модар бояд гуфт, ки таркиби шири сина аз синни кӯдак ва аз макидани ӯ вобаста мебошад. Шири фалла ин шири якуми сина мебошад, ки занҳо дар охири ҳомиладорӣ ва якчанд рӯзи аввали пас аз таваллуд ҳосил менамояд. Шири фалла нисбат ба шири расида бештар сафедаи зидди сироятӣ дорад. Дар он лейкосит низ зиёд аст. Фалла дар меъдаю рӯдаҳои кӯдак як қабати муҳофизатӣ пайдо намуда, барои пешгирии аллергия ва таҳаммулнопазирӣ мусоидат менамояд. Инчунин фалла таъсири сабуки исқотоваранда дошта, барои тоза кардани рӯдаи кӯдак аз мекония (наҷоти ибтидоии сиёҳранг) кӯмак намуда, зардпарвини вазнинро пешгирӣ менамояд. Фалла миқдори зиёди витамини А дорад, ки барои сабук кардани бемориҳои сироятӣ кӯмак менамояд. Якчанд рӯзи пас аз таваллуд ҷои фалларо шири расида мегирад, ки нисбатан бисёр буда, аз шири пеш ва қафо иборат аст. Шири пеш: - ин шири бештар обдор буда, дар оғози макидан андозаи зиёд ҳосил мешавад, бинобар ин то шашмоҳагӣ ба кӯдак об додан зарурат нест. Шири қафо: - ин шири ғафстар мебошад, ки нисбат ба шири пеш сафеда дорад. Бояд кӯдак дар як муддати макидан ҳарду қисмати ширро истеъмол намояд.

Фарқияти шири модар:

Шири ҳайвонот дар мисоли шири гов нисбат ба шири зан сафедаи зиёд дорад. Гурдаҳои нопурра инкишоф ёфтаи кӯдак қобилияти таҷзияи сафедаи шири говро надорад. Козеини дар таркиби шири гов мавҷуд буда, аз козеини шири зан фарқ мекунад. Козеини шири гов дар меъдаи кӯдак лахтаҳои сахти ҳалнашаванда ҳосил мекунад, козеини шири зан дигар намуд буда, осон ҳазмшаванда дар меъдаи кӯдак мебошад. Дар шири модар кислотаи чарбуи ивазнашаванда мавҷуд аст, ки барои рушди майна, чашмон, рагҳои хунгард зарур, вале ин чарбу дар шири гов дида намешавад. Шири омехта ё сунъӣ ва шири ҳайвонот дар таркибашон таурин ва систин  надоранд. Шири гов аз витамини гуруҳи В бой мебошад, аммо дар таркиби шири модар витаминҳои А ва С зиёд аст, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ кӯмаки аввалия мерасонад.

Бартарияти шири сина:

  • маводи ғизоии барои кӯдак заруриро дорад;
  • осон ҳазмшаванда;
  • кӯдакро аз сироят муҳофизат мекунад;
  • нисбат ба ғизои сунъӣ арзон аст;
  • ба модар кӯмак мекунад, ки бо кӯдак робитаи наздик, муносибати меҳрубонона намояд;
  • ба рушди кӯдак мусоидат мекунад;
  • саломатии модарро ҳифз мекунад.
  • ба бачадон кӯмак мекунад, ки ба ҳаҷми пешинааш баргардад;
  • хунравиро кам ва камхуниро пешгирӣ менамояд;
  • хатари ба вуҷуд омадани саратони тухмдон ва синаро дар модар коҳиш медиҳад;

Ҷойи шири модарро ягон намуди шир гирифта наметавонад. Кӯдаки шири модарро истеъмолнамуда қадбаланд ва солим ба воя мерасад.

Муборак Раҳматуллоева, мудири шуъбаи бемориҳои навзодон, Нодира Саидаҳмедова, табиби кӯдакона дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.