КАМХУНӢ НОРАСОИИ ОҲАН

   

Камхунӣ яке аз бемориҳои паҳнгаштаи аҳолии курраи замин мебошад. Зиёда аз 95 дарсади ҳамаи камхуниҳо бо камхунии норасоии оҳан (КНО) рост меояд. Камхунии норасоии оҳан махсусан дар байни кӯдакон 45% ва занони синну соли репродуктивӣ 60% паҳн гардидааст, ки боиси зиёд шудани фавти перениталӣ ва модарон, бо вазни кам таваллуд шудани кӯдакон ва паст шудани инкишофии фикрии онҳо мегардад. Сабабҳои ба норасоии оҳан гирифтор шудан:

-талаботи баланди организм ба оҳан;

-воридшавии нокифояи оҳан бо хӯрок;

-истифодаи номувофиқии оҳан;

-ҷаббиши ғайрисамаранокии оҳан.

Механизми танзими мубодилаи оҳан дар организм маҳдуд ва дар шароити муқаррарӣ ба рӯдаҳо ҷабида шудани тақрибан 1-1,5 мг. Fе-ро таъмин менамояд. Норасоии Fе вақте зоҳир мегардад, ки агар талафоти он дар як шабонарӯз зиёда аз 2 мг. бошад. Ҳангоми коҳиш ёфтани захираҳои оҳан механизмҳои физиология ба кор медароянд, ки ҷабиши 2-3 мг. оҳанро дар як шабонарӯз таъмин менамоянд. Бо дарназардошти он, ки тавассути хӯрок дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 10-15 мг. оҳан ворид мегардад. Тахмин намудан мумкин аст қисми асосии аҳолӣ ба истиснои занони ҳомиладор миқдори кифояи оҳанро мегиранд. Ин нишондоди миёна ҳақиқати ҳолро инъикос карда наметавонад. Бо вуҷуди ин КНО дар байни аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми истеъмоли хӯроки омӯхта, ҷабидашавии оҳан зиёд мегардад. Сарчашмаи беҳтарин аз ҷиҳати биологӣ дастрасии оҳан ин гӯшт мебошад. Масалан миқдори оҳан (мг.) дар 100 гр. маҳсулоти гӯшти гов 2,8, гӯшти гӯсфанд – 2,3, ҷигари  гов – 6,9, мурғ – 2,5, моҳӣ – 3,3, тухми моҳӣ (икра) – 1,8 мг-ро ташкил медиҳанд. Тухм, шир ва маҳсулоти ширӣ аз ҷиҳати биологӣ дар таркиби худ оҳан доранд.

Шоира Қаюмова,

табиби оилавии МСД-и «Қистакӯз»,

Муаттара Анварова,

табиби оилавии МСД-и «Бахт»

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.