Шаҳраки Ғафуров
Сохтори маъмурию ҳудудии ҷамоат
Ҷамоати шаҳраки Ғафуров аз ҷиҳати маъмурӣ дар тобеияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Масоҳати умумии ҷамоат 13,60 км2 -ро ташкил мекунад, ки аз он 216 га (15,8 %) заминҳои аҳолинишин, 75 га (5,5%) – заминҳои зери каналу ҷӯйбор ва роҳҳо мебошад. Дар ҷамоати шаҳраки Ғафуров 6 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд, ки айни замон ҳамаи онҳо расман аз қайд гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардидаанд ва оинномаҳои худро доранд.
Ҷамоати шаҳраки Ғафуров маркази маъмурии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, то маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд – 12 км ва то пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе – 364 км мебошад.
Масофа то роҳи оҳан 550 метр (истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд) ва то Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷанд 6,4 км-ро ташкил мекунад.
Ҷамоати шаҳраки Ғафуров дар водии Фарғона ҷойгир буда, аз тарафи шимол бо ҷамоати Унҷӣ, аз тарафи ҷанубу шарқ бо ҷамоати Исфисор ва аз тарафи шимолу ғарб бо шаҳри Бӯстон ҳамсарҳад мебошад.
Шарҳи таърихию фарҳангӣ
Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ то инқилоби Октябр дар ҷои ҳозираи истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд, Уезди Хуҷанд, стансияи ба номи Чернигов ташкил карда шуда буд. Дар соли 1954 бори аввал барои эҳтиёҷмандон, аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи минтақаи ҷамоати деҳоти Исфисор, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд. Ҷамоати шаҳраки Ғафуров 7 апрели соли 1965 ҳамчун шаҳри Советобод ташкил карда шуд. Дар асоси Амри Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 23 январи соли 1978 таҳти № 900 шаҳри Советободи ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод ба номи шаҳри Ғафурови ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод иваз карда шуд. Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 06.01.2005 сол таҳти № 206 шаҳри Ғафуров ба Ҷамоати шаҳраки Ғафуров табдил дода шуд. Омезиши маданияту фарҳангҳои гуногун дар ҷамоати шаҳрак боиси рушди босуръати он гардидааст.
Шумораи умумии аҳолӣ ба санаи 01.01.2015 сол 18325 нафар буда: аз онҳо 9156 нафар мардҳо, 9169 нафар занҳоро ташкил медиҳад.
Дар Ҷамоати шаҳраки Ғафуров 6 маҳаллаи аҳолинишин, 4 мактаби таълимоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия, 5 боғчаи бачагона, беморхонаи марказии ноҳия, дармонгоҳи марказӣ, маркази давлатии назорати санитарӣ-эпидемиологӣ, диспансери касалиҳои сил, маркази табобати ШАМС ба аҳолии шаҳрак ва гирду атрофи он хизмат мерасонад.
Ҳамчунин дар худуди шаҳраки Ғафуров, Корхонаи Воҳиди Давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» минтақаи Суғд, фурудгоҳи байналмиллалии «Хуҷанд», Осорхонаи Ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 19 корхонаҳои саноатӣ, 5 корхонаҳои нақлиётӣ, 4 корхонаи сохтмонӣ, 8 бозор, бахши ҶСШК Тоҷиктелеком, бахшҳои ҶСШК Амонатбонк, Агроинвестбонк, бонки Эсхата, ташкилоти қарзии Имон, 3 китобхона, хонаи пешоҳангон, маркази ҷавонон, боғи фарҳанг ва фароғатии ба номи А. Рудакӣ фаъолият намуда истодаанд.
Дар Ҷамоат имрӯз 3 нафар шахсони ҳуқуқашон ба онҳо баробар, 1 нафар Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, 29 нафар ҷанговар - интернасионалистон, 6 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 12 нафар, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 700 нафар собиқадорони меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд.
Мардуми меҳнатқарини шаҳраки Ғафуров фахр аз он доранд, ки зода ва истиқоматкунандаи шаҳраки Ғафуров мебошанд ва номи шаҳрак ба ифтихори Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров гузошта шудааст.
Ба ҳайати маъмурии ҷамоати шаҳраки Ғафуров, маҳаллаҳои Дӯстии Халқҳо, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Ваҳдат, Марказ ва Истиқлол дохил мешаванд. Дар Ҷамоат 4778 хоҷагӣ мавчуд буда, 6 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд.
Шароити табиию иқлимӣ ва захираҳо
Ҷамоати шаҳрак дар баландии 100-150 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, ҳарорати миёнаи солонаи он ӯ13,40С-ро ташкил мекунад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар тобистон (июл ӯ23,70С) ва зимистон (январ -2,70С) мебошад. Ҳисоби миёнаи боришот дар як сол 140 мм аст. Иқлимаш мӯътадил буда, барои кишти ҳар гуна зироатҳо ва алалхусус парвариши боғҳои зардолу мусоид аст. Заминаш асосан санглох мебошад.
Манбаи асосии оби полезӣ канали «Хӯҷабақирғон» мебошад, ки аз дарёи Сир сарчашма мегирад. Манбаи оби нӯшокӣ 13 адад чоҳҳои амудӣ мебошад.
Ҷадвали 1.
№ |
Маҳаллаҳо |
Шумораи аҳолӣ |
Шумораи хоҷагӣ |
1. |
Марказ |
1975 |
782 |
2. |
Истиқлол |
6324 |
1404 |
3. |
Ваҳдат |
1444 |
773 |
4. |
Б.Ғафуров |
2279 |
707 |
5. |
Д.Халқҳо |
4417 |
936 |
6. |
Гулистон |
1886 |
176 |
|
Ҳамагӣ |
18325 |
4778 |
Тамоюли асосии иқтисодиву иҷтимоӣ
Асоси иқтисодиёти Ҷамоати шаҳракро корхонаҳои саноатии хурду калон ташкил медиҳад, ки аксарияти аҳолӣ дар он ҷо фаъолият мебаранд.
Сокинони ҷамоат аз хизмати беморхонаи марказии ноҳия, марказҳои саломатӣ, маркази касалиҳои сил, маркази санитарии эпедемиологии ноҳия, беморхонаи роҳи оҳани минтакаи Суғд истифода мебаранд. Масъалаҳои асосии ҳифзи саломатӣ дар ҷамоат инҳоянд: зиёд шудани касалиҳои камхунӣ, касалиҳои онкологӣ, касалиҳои дилу раг, касалиҳои руҳӣ ва сирояткунанда, аз ҷумла сил ба ҳисоб мераванд.
Дар солҳои охир маблағгузорӣ ба соҳаи инфрасохтори иҷтимоӣ қисман аз ҳисоби соҳибкорон ба ҷо оварда шуда истодааст.
Рушди иқтисодии ҳар як маҳал аз рушди соҳибкории хурду миёна вобастагии калон дорад. Танҳо дар се соли охир шумораи соҳибкорони хурду миёнаи ҷамоат 65-нафар афзудааст, ки нисбати солҳои пешин зиёдтар аст. Барои рушди бештари соҳа дар ҷамоати шаҳрак тамоми имконияту захираҳо мавҷуданд, ки то ҳол аз онҳо пурра истифода бурда нашудааст.
Дар ҷамоати шаҳрак чор сехи хурди истеҳсоли хишт фаъолият мебарад. Дар самти шуғлнокии аҳолӣ бошад, ҳарчанд, ки аксари аҳолиро ҷавонон ташкил менамоянд, мувофиқи маълумотҳои агентии шуғли аҳолӣ, 650 нафар бекорон расман ба қайд гирифта шудаанд.
Ба сокинони ҷамоати шаҳрак 1 баморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатӣ, 15 дорухона, 3 китобхона бо фонди умумии 5000 адад китоб, 1 хонаи маданият дорои 300 ҷойи нишаст ва мактаби варзишӣ хизмат мерасонанд.