СИРОҶИДДИН ФОЗИЛОВ ВА ЭРКИН ОДИНАЕВ ДАР ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ

       Ба ифтихори ҷашни бузурги милливу давлатӣ, 34 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муҳтарам Салимзода Нусратулло Файзулло таҳти унвони "Тоҷикистони соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мост!" бо иштироки сарояндаи мардумӣ, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали Хизмати шоиста, Сироҷиддин Фозилов ва Эркин Одинаев дар варзишгоҳи Хистеварз барномаи калони фарҳангӣ баргузор гардид. Ҳамчунин дар ҷашнгоҳ дигар сарояндагони маҳбуби халқ Сироҷиддин Самариддинзода, Нозимҷон Раҳимов, Зарнигори Зар низ баҳри болихотирии сокинони ноҳия ҳунарнамоӣ намуданд.

Мардуми зиёди ҳозиршуда, пиру барно, кӯдакони хушиқболи даврони соҳибистиқлол, аз неъмати бебаҳои Истиқлол бо шукргузориву ифтихори ватандорӣ хурсандӣ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров изҳори сипосмандӣ намуданд.

Бояд зикр дошт, як моҳ инҷониб дар ҳамаи деҳаҳо ва маҳалҳои шаҳрак ва ҷамоати деҳоти ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 34 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаҳои идона баргузор гардида истода, сокинон бо хушнудиву қаноатмандии бепоён ин ҷашни пуршукуҳро таҷлил намуда истодаанд.

"Парвозгоҳи бузургон"

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.