МУҚОВИМАТ БО САВДОИ ОДАМОН ВА ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ҶАМЪИЯТ ТАВАССУТИ ОМӮЗИШҲО ТАҲКИМ ЁФТ
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар маҷлисгоҳи Гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинари дастурдиҳӣ оид ба муқовимат бо савдои одамон ва пешгирии зӯроварӣ дар ҷомеа миёни роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муовинони директор оид ба таълим баргузор гардид.
Дар он Сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷаҳонгир, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Сафарзода, Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Ҷамшед Ҳайдаров, сармутахассиси Раёсати маркази таълимию методии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд Илҳом Саидаҳмедов, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парвиз Халифаёр, мудири шуъбаи маориф Махсуда Абдуллозода иштирок ва баромад намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандони соҳаи маориф, сатҳи огоҳии роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин семинар омӯзиши директори муассиса ва муовини директор оид ба таълим иштирок доштанд.