МАШВАРАТИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

          Дар толори Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Турсунзода, намояндаи Раёсати маорифи вилоят Раҳматҷон Зокирзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Махсуда Абдуллозода, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, собиқадорони соҳа, роҳбарон ва мудирони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фаъол машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид.

   Дар машварат нахуст аз ҷониби мудири шуъбаи маориф фаъолияти соҳаи маориф дар соли таҳсили 2024-2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дастовардҳову муаммоҳои соҳа ёдоварӣ карда шуданд. Зикр гардид, ки дар ин давра дастовардҳо дар самти соҳаи маориф назаррас буда, хонандагон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ соҳиби 90 ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

    Муовини Раиси ноҳия зимни суханронӣ вобаста ба масоили сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳо, такмили нақшаву барномаҳои таълимӣ, мониторинги сифати таҳсилот, дохилшавии хонандагон ба коллеҷҳову макотиби олии кишвар ва дигар масъалаҳои муҳиму мубрам ибрози андеша карда, илова намуд, ки рушду нумӯи соҳаи маориф, дастгирии омӯзгорони ҷавону кордон, таъмин намудани хонандагон ба озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зери таваҷҷуҳи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

     Сипас, намояндаи Раёсати маорифи вилоят Раҳматҷон Зокирзода аз номи Сардори Раёсати маорифи вилоят ҳозиринро бо оғози соли нави таҳсил муборакбод намуд. Ғолиби даври вилоятии озмуни “Мураббии сол-2025” Маҳина Мираминова арзи сипоси маорифчиёни ноҳияро барои дастгириву пуштибониҳои ҳамаҷониба ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия иброз дошт.

     Сипас, як қатор омӯзгорон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қадрдонӣ карда шуданд.

      Озмунҳои соҳавӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

    Машварати августии кормандони соҳаи маориф бо барномаи рангину идона, саҳнаҳои театрикунонидашуда, рақсҳои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва сурудҳои дилнишин ҷамъбаст гардид.

Марҳабо Орифӣ, нашрияи “Раҳбари дониш”

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.