Иҷтимоиёт

МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ "ЗАРХОКИ ПОИН"

Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сокинони маҳаллаи "Зархоки поин"-и ҷамоати деҳоти Исфисор баргузор гардид.

Акбар Юсуфӣ - муовини раиси ноҳия, Қосимҷон Холов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Фирӯз Искандаров сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Баҳриддин Баҳодурзода - мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, Болтубой Юлдошев - намояндаи кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, Гулмира Бобоева - раиси ҷамаоти деҳоти Исфисор оид ба масъалаҳои ифротгароӣ ва паёмадҳои нохуши он, экстремизму терроризм, гаравидани бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили пешрафти ҷомеа, риояи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” роҳ надодан ба фарҳанги либоспӯшии бегона, баланд бардоштани худшиносӣ, арзишҳои миллӣ ва ҳувияти ватандорӣ, варзиш омили муттаҳидӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш, созмони ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва дигар масоили муҳими иҷтимоӣ ибрози назар намуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

БАҲРИ ПЕШГИРИИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 - и ҷамоати деҳоти Унчӣ, мулоқоти Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳия бо омӯзгорон ва волидайни толибилмони муассисаи мазкур баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷтимоӣ, зуҳуроти номатлуб ва паёмадҳои манфии он, мавқеи занон дар ҷомеа ва амалишавии стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувони тоҷик, тарбия ва татбиқи Консепсияи миллии тарбия дар соҳаи маориф, интизоми меҳнат, маърифати оиладорӣ,  либоспӯшӣ, ҳифзу гиромидошти фарҳангии миллӣ, пешгирии пайравии занону бонувон ба фарҳанги либоспӯшии бегона, сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва масъалаҳои дигари умда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин дар вохӯрӣ Ӯғулой Ҳоҷибоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия ва Ибодат Мирпочоева, мушовири шуъбаи маориф иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ

Дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар соли 2023 баргузор гардид. 

Аз фаъолияти Шӯрои ноҳиявӣ муовини раиси Шӯрои ноҳиявӣ Мастура Комилӣ ҳисобот дод. Бино ба гуфти ӯ дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи Шӯрои ноҳиявӣ ва фаъолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия корҳои муайян ба ҷо оварда шудааст. Доир ба фаъолияти Шӯрои ноҳиявӣ раиси Шӯрои куҳансолони Шӯрои вилоятӣ Қобилҷон Усмонов фикру мулоҳизаи худро баён дошта дар баробари дастовардҳо камбудиҳоро дар фаъолияти Шӯрои ноҳиявӣ, хоса дар самти дафтардорӣ баён кард. Дар охир як зумра аъзои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия барои фаъолияти назаррас дар соли 2023 бо Сипосномаи Шӯрои марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Шӯрои вилоятии Ҳаракат қадршиносӣ карда шуданд.

РӮЗИ ЯГОНАИ АХБОРИ СИЁСӢ

"Паёми Президент - ифодагари ормонҳои деринаи халқ" чунин буд мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ, ки  дирӯз дар ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташкилу баргузор гардиданд. Дар баргузории мулоқоти сокинони деҳоти Исфисор аъзои гурӯҳи тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Одинаев Алиҷон ва Бобоҷонова Дилбар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.