Ғӯза дубарга шуд

Дар калонттарин ноҳияи кишоврзии вилоят ба номи Бобоҷон Ғафуров соли ҷорӣ ба майдони 8 ҳаз. 290 гектар пунбадона киштанд, ки нисбати соли пешин 290 гектар зиёд аст. Ҳолати нашъунамои ниҳоли ғӯзаро масъулину мутахассисон хуб арзёбӣ мекунанд:

 -Боронгариҳои паёпай моро водор кард, ки дар майдони зиёда аз 300 гектар кишти дубора гузаронем,-гуфт зимни сӯҳбат муовини якуми раиси ноҳия, сарпарасти соҳа Ҳакимзода Ҳомид Кенҷа,- ба ин нигоҳ накарда ниҳолони пахта дар майдони наздик 3000 гектар дубаргаву 1639 гектар 3-4 барга ва 469 гектар 5-6 барга шудаанд.

Дар қаламрави ноҳия айни ҳол зиёда аз 7500 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 5 хоҷагиҳое боқӣ мондаанд, ки бинобар тухмипарвару зотпарвар буданашон ислоҳот гузаронида нашудааст.

Кооперативи тиҷоратӣ-хоҷагии ҷамоавии ба номи Турсунбой Қӯшатови ноҳия бинобар хоҷагии зотпараварӣ ба бузи серпаши тоҷикӣ нигаронидашудан зери ислоҳот қарор дода нашудааст. Дар ин хоҷагӣ пахтакорӣ аз соҳаҳои асосӣ маҳсуб ёфта, таи чанд соли охир бинобар дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехнологияи парвариши ин зироат истеҳсоли дурнамои он пурраву барзиёд ба иҷро мерасад:

-Соли рафта ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 39 сентнер ҳосили “тиллои сафед” ба даст омад,-гуфт аснои сӯҳбат раиси садорати хофагӣ Олимҷон Одилов,- соли ҷорӣ бошад, масоҳати майдони кишти пунбадонаро аз порсола 140 гектар зиёд кардем. Аниқтараш майдони кишти имсола ба 866 гектар расид. Дар интихоби навъҳо натиҷаҳои порсоларо ба инобат гирифта, “Дӯстӣ”, “Лотос” ва “Синзян”-чиниро интихоб кардем, ки ҳосилнокиашон хуб буданд.

Дар ин хоҷагӣ низ бо усули бригадаи иҷоравӣ корҳо ба роҳ монда шудаанд. 26 бригадаи пахтакорӣ кишти пунбадонаро кайҳо ба анҷом расонида айни ҳол ба иҷрои корҳои агротехнологӣ-коркарди байниқаотру ягона ва аз алаф тоза кардану ғиззодиҳиро идома дода истодаанд. Дар баробари коркарди байни қатор озуқаи якумро бо иловаи ба ҳар гектар 150 кг карбомид, 100 кг агромикс-калий ғиззодиҳиро ба анҷом мерасонанд. Иҷоракорон мекушанд арзиши аслии ҳар кило пахтаи истеҳсолошуда ҳаддалимкон арзон бошад. Бо ин мақсад сардори бригадаи №3 Абдурауф Эркабоев дастгоҳи махсуси ягонакуниву аз алафтозакуниеро бо номи “Юмпа” истеҳсоли Чин аз ҷумҳурии Туркия харида омад, ки истифодаи он қувваи кориро сарфа мекунад.

-Ин таҷҳизот сарфакор аст,-мегӯяд Абдурауф,- масалан, ба коркарди 1 гектар замин ҳамагӣ 4 литр сӯзишворӣ истифода мешаваду халос. Дуюм дар ҳолати 2 нафар рондани он рӯзе метавон то 2 гектар заминро аз алаф тоза ва нарм кардан мумкин аст, ки барои иҷрои ин кор 30 нафар ва чанд рӯзи корӣ лозим аст. Дар маҷмӯъ метавон рӯзе то 3 гектар заминро аз коркард баровард...

Дар хоҷагӣ дар истеҳсоли дигар нишондиҳандаҳо низ ба муваффақият расидаанд. Аз ҷумла, нақшаи тӯлгирӣ аз моли майда 101% ба иҷро расидааст. Маъракаи ҷамъоварии пилла низ дар хоҷагӣ ба анҷом расида истодааст. 190 қуттӣ тухмии кирмакро 600 оила ба парвариш гирифта, ҳосили хуб рӯёнидаанд, ки ба санаи имрӯз наздик 2 тонна ҳосил ба даст омадааст. Пиллачинӣ идома дорад.

Обро хуни пахта мегӯянд. Чун суол кардем, ки таъминот бо об дар хочагӣ чӣ гуна аст, раиси садорат посух дод, ки сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Дар акси ҳол соли рафта ҳосили рекордии пахта дар солҳои соҳибистиқлолӣ-анқариб 40 сентнер аз ҳар гектар “тиллои сафед ба даст намеомад...

М.Мақсудов.

Дар сурат: раиси садорати хоҷагӣ Олимҷон Одилов бо иҷоракор Абдурауф Эркабоев сифати кори таҷҳизоти навро аз назар мегузаронанд.

Сурат аз муаллиф

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.