Пахта ва нашъунамои он

Дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров айни ҳол зиёда аз 7500 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 5 хоҷагиҳое боқӣ мондаанд, ки бинобар тухмипарвару зотпарвар буданашон ислоҳот гузаронида нашудааст.

ҶСК ба номи Ӯрунхоҷаев аз ҷумлаи онҳо буда, дар ин хоҷагӣ низ чун дигарҳо корҳои саҳроӣ дар ҷӯшу хурӯш аст:

-Майдони умумии хоҷагӣ зиёда аз 3500 гектарро ташкил медиҳад, ки соҳаи асосии мо пахтакорист,- мегӯяд раиси садорати хоҷагӣ Маъмурҷон Қодиров,- аз ин ҳисоб  2 ҳаз. 621 гектараш обӣ ба ҳисоб меравад. Майдони соҳаи асосӣ-пахта 1750 гектарро ташкил медиҳад. Инҷиқиҳои табиат моро водор кард, ки дар майдони 155 гектар кишти дубораи пунбадонаро гузаронем...

Бино ба гуфти сарагрономи хоҷагӣ Ҷаъфар Охунов майдони кишти пахта назар ба порсола 221 гектар зиёд буда, соли ҷорӣ чун соли пешин аз навъҳои “Ориёӣ”, “Лодас”, “Мая”, “Дӯстӣ” ва “633” истифода бурданд.

-Айни ҳол чорабиниҳои агротехникӣ-ягонаву аз алаф тозакунӣ, тавассути 12 техника коркарди байниқатору ғиззодиҳӣ ва маротибаи дуюм обёриро гузаронида истодаем,- гуфт дар идомаи сӯҳбат сарагрономи хоҷагӣ.

Бино ба гуфти роҳбарияти хоҷагӣ корбарӣ дар ин ҷо бо усули бригадаи иҷоравӣ ба роҳ монда дар ҳамаи 5 минтақа ва 40 бригада зиёда аз 1600 нафар иҷоракорон саргарми корҳои саҳроанд.

Дар пешрафти кори хоҷагӣ пеш аз ҳама мутахассисони соҳибтаҷриба- агрономҳо Ашӯрбой Тоҷиев ва Абдуҳаким Сатторов, гидротехник Исмат Пӯлодов, механизаторон Маъруф Аламуродов, Мубин Назаров, Саттор Отабоев Алибой Ҳомидов, обронҳо Бобоҷон Пӯлодов, Илҳом Ҳоҷимуҳиддинов, Олим Тоҳиров ва дигарон саҳми арзанда доранд. Ба шарофати меҳнати аҳлона ва дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникаи парвариши ниҳоли пахта соли рафта аҳли заҳмати хоҷагӣ ҳосилнокии ҳар гектар пахтазорро ба 34,2 сентнер расониданд.

Ногуфта намонад, ки  дар хоҷагӣ боғдорӣ низ рушд карда, масоҳати он 1041 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 640 гектарашро боғи меваҳои донакдор-зардолую шафтолу ташкил медиҳад. Боғҳои хоҷагӣ ғарқи ҳосил буда, умед доранд аз ҳар гектар боғ 40-45 сентнер мевагиҳо ҷамъоварӣ намоянд.

Бо назардошти рӯз аз рӯз мушкил шудани таъминоти соҳа бо оби полезӣ садорати хоҷагӣ қарор додааст, пойгоҳи нави обкаширо дар Баҳри тоҷик бунёд сохта бо ҳамин муаммои обро дар минтақаи “Тиллотеппа” ҳаллу фасл кунад. Айни ҳол охирин корҳои насби таҷҳизот рафта истодааст.

-Хоҷагии мо номи пири деҳқонони тоҷик, Устоди пахтаи Тоҷикистон, ду карат Қаҳрамони меҳнат Саидхоҷа Ӯруноҷаевро дорад,-гуфт дар анҷоми сӯҳбат раиси садорати хоҷагӣ Маъмурҷон Қодиров,- мо хуб медонем, ки замони роҳбарии эшон ин хоҷагӣ номдор буд. Мекӯшем ҳамон номи баланд ва шӯҳрати хоҷагиро барқарор нигоҳ дорем...

М. Мақсудов.

Дар сурат: агрономҳои хоҷагӣ Ҷаъфар Охунов ва Абдуҳаким Сатторов ҳолати нашъунамои пахтаро дар минтақаи “Оқариқ” аз назар мегузаронанд.

Сурат аз муаллиф.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.