Деҳаи хурд бо ҳосили фаровон: Дар Зарзамини Суғд чӣ гуна помидор мепарваранд
Помидорҳое, ки тобистони ҳар сол мағозаю фурӯшгоҳҳои навоҳии Суғду Душанберо пур мекунанд, маҳсули дастранҷи кишоварзони деҳаи Зарзамини ноҳияи Б.Ғафуров аст.
Хок ва иқлими мавҷудаи ин русто ба парвариши помидор хеле мувофиқ арзёбӣ мешавад. Ва Зарзамин ном ниҳодани ин деҳа ҳам рамзӣ аст, чун, ки аз заминҳои андак кишоварзон ҳосили фаровони помидор ба даст меоваранд, ки таваҷҷӯҳи харидорони ҳар гӯшаи вилояти Суғдро ба худ мекашад.
Чанд сол қабл аз ҳисоби ҳосили фаровони помидор дар каноре аз роҳи ин русто ба таври табиӣ як бозоре ҳам ташкил шуд ва онро “помидорбозор” ном мебаранд.
Тавре мушоҳида мешавад аз дурдасттарин навоҳии Суғд: Исфараву Конибодом, Деваштич, Истаравшан ва Шаҳристону шаҳри Душанбе хариддорони помидор ба ин макон меоянд то молро аз дасти якум - худи деҳқон ва бо нархи арзон бо худ гиранд.
Нуъмон Бобоев, деҳқони помидорпарвар, сокини деҳаи Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни сӯҳбат сабаби зиёд таваҷҷӯҳ намудани харидорону тоҷирони помидор ба ин русторо шарҳ дод.
“Мо моли босифат парвариш мекунем. Помидор зироатест, ки агар пайваста нигоҳубин нашавад, онро кирм мезанад ва сифати ҳосил паст мешавад. Мо дар вақташ ҳама корро мекунем то помидорҳои суп сурхи ширини бе кирм гирем. Ҳосили мо таваҷҷӯҳи ҳама хариддоронро ҷалб намудааст, ҳатто харидорони кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Русияро”- афзуд, деҳқон.
Рустои Зарзамин дар қисмати шимолии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир буда, ин ноҳия ҷузъе аз водии Фарғона мебошад.
Дар ин деҳа ҳудуди 300 га замини кишоварзӣ мавҷуд аст, ки бахши аъзами онро майдони помидор ташкил медиҳад.
Сокинони ин деҳаи мазкур мегуянд, ҳар кадом аз 0,40 то 0,60 га саҳми замини кишоварзӣ доранд ва дар нисфи он помидор парвариш мекунанд.
Тавре кишоварзон таъкид меварзанд аз ин ҳисоб замин ҳамасола то 20 тон помидор мегиранд.
Сокинони Зарнисор мегуянд, парвариши помидор кору заҳмати зиёдро тақозо мекунад. Онҳо шукр мекунанд, ки махсусиятҳои ин кору бори кишоварзиро хуб иҷро карда метавонанду аз ин ҳисоб рӯзии ҳалол ба даст меоранд.
Қамари Аҳрор, рӯзноманигор