ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИРИ ПАРВАРИШИ АНГУР ВА БАРҚАРОР НАМУДАНИ ТОКЗОРҲОИ КУҲНА
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон токпарвариро яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ, ки таъминкунандаи озуқаворӣ ва ашёи хом барои коркард маҳсуб меёбад, арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки барои боз ҳам рушд додани ин соҳаи муҳим тамоми чораҳо роҳандозӣ шавад.
Бо ин мақсад дирӯз дар Хоҷагии деҳқонии “Дӯстӣ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба таври амалӣ ва дар маҷлисгоҳи «Боғи миллии Ваҳдат» ба таври назариявӣ дар мавзӯи «Технологияи муосири парвариши ангур ва барқарор намудани токзорҳои кӯҳна» семинари илмӣ - амалии вилоятӣ баргузор гардид.
Дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ангурпарвар иштирок ва бо тарзу усулҳои нави ангурпарварӣ шинос гардиданд.
Тибқи иттилои масъулин, хоҷагии ангурпарварӣ соли 2015 дар ҳамкорӣ ва бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода бунёд гардидааст.
Масоҳати умумии Хоҷагии ангурпарварии “Дӯстӣ” 3 гектарро ташкил дода, дар он 1000 бех ниҳоли ангури навъҳои ҳусайнӣ, шоҳона, победа, ҳусайнии сиёҳ ва дигар намудҳо пеш аз ҳама барои таъмини бозори дохилӣ ва ҳам содирот нигоҳубину парвариш карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят беш аз 20 навъи ангур парвариш гардида, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоҳати токзорҳои наву муосир зиёд гардида истодаанд. Таъкид гардид, ки бояд бо истифода аз таҷрибаи ангурпарварони шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода дар минтақаҳои вилоят чунин токзорҳои нав бунёд шуда, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли ангур, таъмини бозори дохилӣ ва содироти ин мева чораҷӯӣ карда шавад.
Семинари мазкур дар асоси супоришҳои Пешвои миллат баргузор гардида, ҳадафи он пеш аз ҳама бо технологияи нави муосир бунёд ва парвариш намудани токзор ба ҳисоб меравад. Таҳлилу натиҷаҳои кор ва нишондиҳандаҳои ҳадафмандона собит намуд, ки ташкили токҳои замонавӣ бо технологияи муосир, бахусус, ҳавозавӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли ангур мусоидат намуда, ҳамзамон, ҷиҳати таъмини аҳолии мамлакат бо мева ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом нақши муассир мегузорад.
Дар қисмати назариявӣ аз ҷониби Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Саъдӣ Каримзода, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ва олимону мутахассисон тавсияҳо дода шуд.
Дар баромади худ Зариф Мирдадо зикр дошт, ки солҳои охир бо назардошти муҳимияти соҳаи боғдорӣ, бахусус, токпарварӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади зиёд кардани токзорҳои кӯҳна таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.
Тибқи маълумоти оморӣ масоҳати токзори вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 13 ҳазору 467 гектар буда, аз он ҳосилдиҳанда 11 ҳазору 642 гектарро ташкил медиҳад. Аз масоҳати умумии токзори ҳосилдиҳанда 119 гектар токи воҳишӣ яъне ҳавоза дар бар мегирад.
Қайд кардан бамаврид аст, ки истифодаи васеи навъҳои ток аз ҳисоби бунёд ва барқароркунии токҳои кӯҳна ва дар солҳои охир пурра ивазкунандаи воридотӣ ба содирот нигаронидашуда ин омил барои зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли ангури ватанӣ саҳми назарраси худро мегузорад.
Дар асоси маълумоти оморӣ ба санаи 1 – уми августи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 3 ҳазору 231 тонна ангур истеҳсол шуд, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2021 –ум 1182 тонна ё 157,6 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи пешгӯии мутахассисони соҳа интизор меравад, ки имсол то 60 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда мешавад. Ғайр аз ин, дар ин давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилоят 1034 тонна ангур ба маблағи 415 ҳазор доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 523 тонна зиёд мебошад.
Дар баробари ин ҳанӯз дар вилоят барои рушди соҳаи токпарварӣ имкониятҳои зиёд фаровон буда, рушди ин соҳаи муҳим аз фаъолияти босамари боғпарварон вобастагии калон дорад.
Олимону мутахассисони соҳа дар мавзуъҳои гуногуни токпарварӣ баромад намуданд. Зимни табодули афкор роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки самти фаъолияташон ба ангурпарварӣ равона шудааст, вобаста ба масъалаҳои муҳими соҳаи токпарварӣ аз маслиҳатҳои олимони донандагони хуби соҳа бархурдор гардиданд.
Гуфтан бамаврид аст, ки баргузории семинар – машварат ба рушди минбаъдаи соҳаи токпарварӣ такони нав бахшида, дар амалӣ намудани супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, истифодаи пурсамар ва оқилонаи замин ва об, амалисозии рушди устувори соҳа ва дар ин замина мусоидат намудан дар таъмини амнияти озуқаворӣ андешида мешавад.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров