Нусрати қасри сулҳофар – шукуҳи фатҳи қуллаҳо
Дар сарнавишту таърихи давлатдории халқиятҳо воқеаҳои муҳиму тақдирсозе бавуқӯъ омадаанд, ки барои табаддулоту таҳаввулоти он миллат ва дигаргунии раванди давлатдорӣ таъсири муқтадир расонида, дар шаҳкитоби таърих ва зеҳни мардум чун ҳодисаи бузурги таърихӣ ва воқеаи сарнавиштсоз сабт шудааст.
Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон низ Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Иҷлосияи тақдирсоз пазируфта шуда, он ба тақдири ояндаи тоҷикон таккони ҷиддӣ бахшид ва барои расидан ба ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ, пеш аз ҳама сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими сохти давлатдорӣ, якпорчагии сарзамини Тоҷикистон заминагузор гардид.
Таърихи 9 - уми сентябри соли 1991 ҳамчун санаи муҳиму арзишманд дар ҳофизаи давлатдории навини мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун рӯзи ба дастовардани Истиқлолияти давлатӣ оғоз бахшидан ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ шинохта шуда, дар ин рӯзҳои таърихӣ, барои халқи тамаддунофари мо имконияти беназири таърихие фароҳам омад, ки ба падидаи бузурги милливу давлатӣ ноил гардида, бо ифтихору сарфарозӣ, бо эҳсоси баланди худшиносӣ ватани худро соҳибӣ кунем, саҳифаи нави давлатдории миллии мустақилро боз намоем. Аммо боиси таассуф аст, ки ин шодиву нишот дер давом накард, бо гуруҳҳои манфиатхоҳу иғвоангез кишвар ба ҷанги таҳмилӣ кашида шуд, ҳокимияти қонунӣ барҳам хӯрд, низои дохилӣ шиддат ёфт, манфиатҷӯён бо ҳар роҳу восита мехостанд, ин давлати тозаистиқлолро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест кунанд, хатари миллат ба нестшавӣ, давлат ба фаноёбӣ ба миён омад ва ин омили ба даҳсолаҳо қафомонии давлат таъсири худро гузошт. Дар ҳамин марҳилаи ҳассос зарурати баргузории Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад.
Мо - сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз он ифтихору шарафманд ҳастем, ки Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Анҷумани саодати миллати тоҷик маҳз дар макони меҳру садоқат -Қасри “Арбоб”-и хоҷагии ҷамоавии ба номи Саидхоҷа Ўрунхоҷаев ва маскани парвозгоҳи бузургон баргузор шуда, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз, нақши барҷастаро касб кард. Бамаврид аст зикр намоям, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин ҷо аз ҷониби вакилони мардумӣ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Яъне парвози баланди яке аз сиёсатмадорони шуҳратманди ҷаҳон, эҳёгари халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи бузурги сиёсати дунё аз парвозгоҳи маълуму машҳури ноҳияи ба номи алломаи беҳамто Бобоҷон Ғафуров ибтидо мегирад, ки аз ин шарафи бузургу фараҳбахш кулли сокинони ноҳия ифтихор доранд. Дар ин бора дар яке аз суханрониашон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи варзишии ҷамоати деҳоти Хистеварз низ худашон бр камоли ифтихормандӣ таъкид карда буданд: “Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баробари азимтарин воҳиди маъмуриву ҳудудии кишвар будан, ҳамзамон сарзаминест, ки барои пешрафти мамлакат саҳми калон мегузорад. Аз ин рў, ман ба ин сарзамини муқаддас ихлоси бепоён дорам ва эҳтироми ман нисбат ба сокинони ноҳия бесабаб нест.
Аввал ин, ки мардуми ноҳия бо заҳматписандӣ ва ҳимматбаландии хеш дар қаламрави кишвар беҳамто буда, баъдан ин диёр зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсози таърихамон бо кору пайкори ватандўстона, бахусус бо таълифи шоҳасари безаволи худ - «Тоҷикон» дар ҷодаи ташаккули худшиносии миллӣ ва пойдории давлати тоҷикон саҳми беназир гузоштааст.
Ҳамчунин, ман ҳамеша ифтихормандам, ки маҳз аз минбари баланди Қасри овозадори «Арбоб» ба арсаи сиёсати бузург ворид гардидам ва тамоми мардуми Тоҷикистон имрўз Қасри фарҳангии «Арбоб»-и таърихиро ба хотири оғози сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишварамон ҳамчун макони муқаддас гиромӣ медоранд ва ҳамеша онро ба унвони сарчашмаи ваҳдати миллии халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол ёд мекунанд.”
Бешубҳа гуфтан ҷоиз аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш ва хотима додани ҷанги таҳмилӣ Роҳбари тозаинтихоб ҳаёти худро дар зери хатар монда, ҷиҳати музокирот бо намояндаи гурӯҳҳои мусаллаҳ борҳо ба минтақаҳои ҷангзадаву хавфнок сафар намуданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти сарварии бевоситаи Президенти мамлакат ба даст омадааст, минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид.
Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз дар рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шудан, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16-ум ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани худро изҳор доштанд ва минбаъд ин ҳадаф дар Конститутсияи тариқи райъпурсӣ қабулшудаи мамлакат инъикоси худро ёфт. Ин санади муҳим таҳти роҳбарии бевоситаи Роҳбари давлат таҳия шуда, қабули он ба эъмори давлатдории муосири миллӣ, асосҳои сохти конститутсионӣ ва барқарор намудани фаъолияти мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ оғоз бахшид.
Шукрона, ки зери сиёсати хирадмандонаи Меъмори сулҳ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои солими ҷомеа зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон додаанд.
Ан ин рӯ, Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки “... сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо - тоҷикон ҳамчун арзишҳои азизу муқаддас аҳамияти калидӣ доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.”
Вақт ҳамчун довари бузургу беназир собит менамояд, ки кишвари мо таҳти раҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тўли қариб 31 соли соҳибистиқлолӣ ба музаффариятҳои беназир соҳиб гардид.
Раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ сол аз сол вусъати тоза гирифта, ба марҳилаҳои нави рушд замина гузошт. Самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои умда давра ба давра густариш ёфта, ба ҷаҳониён Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона ба маънои комилаш муаррифӣ шуд.
Боиси ифтихор аст, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат мардуми шарифи Тоҷикистон дар муддати кутоҳи таърихӣ дар ташаккули пояҳои давлатдории навин, эҳёи арзишҳои миллӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талош намуда, ба муваффақиятҳои беназир комёб гардид. Қариб 31 сол инҷониб бо талошҳои созандаву бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати ҷумҳурӣ ва мардуми шарафманди кишвар, аз ҷумла бошандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамаи самтҳо ба қуллаҳои бузурги шукўҳу нусрати Истиқлолияти давлатӣ расид. Имрўзҳо ҳар гўшаву канори кишварро зебову обод ва ҳар оиларо пурнишот мебинем, ки аз самараи заҳмати шабонарўзии мўҳтарам Пешвои миллат дарак медиҳад.
Дар ин радиф, музаффариятҳои ноҳияи калонтарини ҷумҳурӣ - Бобоҷон Ғафуровро низ метавон ба шоистагӣ таъкид кард, ки туфайли соҳибистиқлолӣ ва ҳидоятҳои фардонамои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба рушду такомул ёфту нерўпазир гардид.
Мардуми шарафманди ноҳия баҳри расидан ба қуллаҳои мақсуд дар марҳилаи ҷадид даврони созандаи таърих, яъне соҳибистиқлолии кишвар азму субот нишон дода, ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ шарафёб гардиданд.
Татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи барномаҳои соҳавии умумидавлатӣ, сафарҳои саодатовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят, аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастур, супориш ва кўмаки ҳамаҷонибаи Садри муаззами кишвар, барои рушди минбаъдаи ноҳия заминаи боэътимод гузоштанд.
Дар ин давра дар ноҳия бо мақсади таъмини афзоиши устувори нишондиҳандаҳои иқтисодӣ диққати аввалиндараҷа ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди бахши аграрӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ, тадриҷан баланд намудани талаботи бозори дохилӣ ҳамчун омили асосии таъмини рушди бемайлони иқтисодӣ, такмил ва самаранокии соҳаи молия, тадриҷан баланд бардоштани даромади буҷет, таъмини мақсадноки хароҷоти маблағҳо, сол ба сол афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохила равона карда шуд. Истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда, усулҳои нави роҳбарӣ, ташаббускориву мустақилӣ, саривақт андешидани тадбирҳои судманд имконият дод, ки ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардем.
Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохила аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ноҳия, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа, савдою хизматрасонӣ таъмин гардид.
Дар асоси ин даромади буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ дар соли 2022 нисбат ба соли 2000 мутаносибан 107,8 фоиз афзуд. Вобаста ба ин қисми хароҷоти буҷети ноҳия тадриҷан зиёд гардид. Агар дар соли 2000 қисми хароҷоти буҷети ноҳия 1301,7 ҳазор сомониро ташкил карда бошад, он дар соли 2022 ба 176,5 млн сомонӣ баробар гардид. Ғанӣ гардидани буҷети ноҳия имконият дод, ки маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ тадриҷан зиёд гардад. Дар ноҳия маблағгузорӣ ба соҳаи маорифу тандурустӣ се баробар афзуд. Дар натиҷа чандин биноҳои иловагӣ, синфхонаҳои нав, беморхонаву марказҳои саломатӣ, шуъбаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ноњия ба рушди минбаъдаи соњањои гуногуни иќтисодиёт, љалби сармояњои дохиливу хориљї ва муњайё намудани шароити мусоид ба рушди соњибкорї тадбирњои зарурї андешида шуданд.
Дар ин давра ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёти ноҳия сармояҳои мустақим ҷалб гардид, ки минбаъд онҳо ба рушди иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳо заминаи устувор гузоштанд. Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои афзалиятноки ноҳия ба ҳисоб меравад. Тӯли солҳои 2000-2022 дар ноҳия 136 корхонаҳои саноатӣ таъсис дода шуданд, ки онҳо барои диверсификатсияи истеҳсолоти саноати ноҳия замина гузошта истодаанд. Баъди ба фаъолият шурӯъ намудани корхонаи муштараки «Хуаксин-Ғаюр-Суғд-семент» барои ба минтақаи саноатию аграрӣ табдил додани ноҳия заминаи боэътимод гузошта шуд.
Таи солҳои истиқлолият бинобар пурра истифода гардидани иқтидорҳои мавҷуда ва ҷорӣ кардан технологияҳои замонавӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ зиёд шуд ва он соли 2022 нисбат ба соли 2000-ум 4 маротиба афзоиш ёфт.
Рушди инфрасохтори нақлиёт омили муҳими пешрафти иқтисодиёти ноҳия мебошад. Дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ давоми ин солҳо 20 ширкат бо шаклҳои гуногуни моликият фаъолият карда, талаботи муштариёнро қонеъ гардонида истодаанд. Дар соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ нисбат ба соли 2000-ум 6,6 маротиба афзуд. Мусофиркашонӣ агар соли 2000-ум 139,4 ҳазор мусофир бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2022-ум 24593,8 ҳазор мусофирро ташкил дод.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёти ноҳия маҳсуб меёбад. Дар давоми солҳои истиқлолият пахтакорон, ғаллакорон, боғ токпарварон, чорводорон меҳнати шоиста намуданд.
Бо мақсади оқилона ва самаранок истифода бурдани замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса ба соли 2000 – ум, соли равон тибқи дурнамо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ гузаронидани кишти зироатҳо дар майдони 27027 гектар, сурат гирифт, ки аз он 22949 гектараш заминҳои обӣ ҳисобида мешавад. Аз он ҷумла, майдони кишти ғалладонагиҳо 10823 гектар, зироатҳои техникӣ 8351 гектар, аз он кишти пахта 8028 гектар, сабзавот 2209 гектар, картошка 284 гектар, полизӣ 552 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 4805 гектар мебошад.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 1,9 млрд. Сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд. Дар ин давра, дар ноҳия 118,3 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол гардид. Инчунин ба миқдори 32,5 ҳазор тонна ғалла, аз он ҷумла гандум 19,3 ҳазор тонна, 9,8 ҳазор тонна картошка, 11,8 ҳазор тонна полезӣ, 13,8 ҳазор тонна мевагиҳо, 10,9 ҳазор тонна гўшт ва 27,1 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шуданд.
Дар соли 2022 дар корхонаҳои паррандапарварии ноҳия саршумори парранда ба зиёда аз 2,9 млн. сар расонида шуд. Ҳамзамон мавриди зикр аст, ки дар корхонаҳои парранпарварии ноҳия ба миқдори 7,0 ҳазор тонна гӯшти парҳезии мурғ ва аз ҷониби хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба миқдори 201,9 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100,5 фоизро ташкил медиҳад. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешида, то имрӯз дар ҳудуди ноҳия 174 гармхонаҳо таъсис дода шудаанд, ки масоҳати умумии онҳо 17,0 гектарро ташкил медиҳад. Бо мақсади саривақт таъмин намудани заминҳои кишоварзии ноҳия бо оби полезӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, маблағҳои зарурӣ пайваста равона мегарданд, ки барои фаровонҳосилии маҳсулотҳои кишоварзӣ мусоидат намуда истодаанд.
Mақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавононро ҳамоҳанг сохта, барои ҳалли муаммоҳои мавҷудаи ин соҳаҳо таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир намуда истодааст. Вобаста ба ин, дар нӯҳ моҳи соли 2022 аз ҳисоби буҷети ноҳия ба соҳаи маориф 96,6 млн. сомонӣ, ба соҳаи тандурустӣ 45,4 млн. сомонӣ ва ба соҳаи фарҳанг ва варзиш 2,8 млн. сомонӣ равона гардиданд.
Шоёни зикр аст, ки раванди пешравӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, адабиву фарҳангии ноҳия аз боварию эътимод, меҳру самимият ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин диёр ва мардуми меҳнатқирини он шаҳодат медиҳад, зеро ҳар боре, ки сафарҳои кории Садри муаззами кишвар ба вилояти Суғд бавуқӯъ меояд, албатта қадамҳои саодатбори он кас дар ноҳия низ бо камоли ифтихормандӣ сурат мегирад ва аз он нерӯи пешрафт афзун мегардад. Агар ба солномаи таърих нигарем, давоми 31 соли соҳибистиқлолӣ панҷоҳ навбат ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар кушодашавии иншоотҳо ва чорабиниҳои таърихиву фарҳангӣ иштирок намудаанд, ки чунин муҳаббат, садоқат ба як гӯшаи ин диёри биҳиштосо боиси ифтихор ва саодати бепоён мебошад.
Имрӯз мардуми хушиқболи кишвар аз ҳавои истиқлоли комил нафаси озод мекашанд, ободию шукуфоии Ватан ва беҳбудии рӯзгори хешро аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, шукри айёми осоиштаву обод мекунанд.
Ғамхориҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода идомаи пайгиронаи сиёсати Сарвари мамлакат мебошад, ки он дар ободкорию созандагии шаҳру навоҳии вилоятамон таҷассуми воқеии худро ёфтааст.
Итминони комил дорам, ки тамоми мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дарки қадру қиммат ва арзиши таърихии истиқлол ва дастовардҳои бузурги ин давра сиёсати давлату Ҳукумати мамлакатро минбаъд низ самимона ва ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷашни бузурги таърихӣ - 30 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ноҳия мизбони ин чорабинии бошукуҳ мебошад, бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди ноҳияамон ва кулли ҳамватанонамонро ба ифтихори 30 – солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар фарди ноҳия хушбахтӣ, файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоям.
Зафарбек Давлатзода, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров