САДА ҶАШНИ МУЛКИ НОМДОР АСТ…Паёми табрикии и.вРаиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Салимзода Нусратулло бахшида ба Иди Сада
Ҳамдиёрони азиз!
Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ таҳти раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ, суннату анъанаҳо ва ҷашну ойинҳои мардумӣ эҳё гардида, дар ин замина, як силсила ҷашнҳои бостонӣ ҳар сол ҷашн гирифта шуда истодааст.
Иди Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 - уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноиро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад.
Дар замони муосир баргузории ин чорабинии идона ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намуда, барои таъмини маводи ғизоӣ ва фаровонии дастурхони сокинони кишвари мо имкониятҳои фарохро фароҳам меорад.
Бо дарназардошти ин омилҳои муҳим нақшу вазифаи кормандони соҳаи кишоварзӣ беш аз пеш меафзояд, зеро он яке аз ҷузъҳои муҳиму таркибии таъминкунандаи сиёсати аграрии мамлакат буда, бояд нерўи зеҳнии худро ҳарчӣ бештар ба ин самт равона намоянд. Иди Сада таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд.
Анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрўз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд, ки ҷашни Сада то имрўз соҳиби эътибору манзалати хос мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Санаи 24-уми январ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 мафассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2023 муайян карда шуданд.
Аз сабаби он ки ноҳияи мо асосан кишоварзӣ мебошад, дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат иброз медорам, ки ба истифодаи мақсадноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, коркарди саривақтии замин ва истифодаи тухмиҳои хушсифат, истифодаи нуриҳои минералӣ аҳамияти зарурӣ диҳем. Инчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариш бахшидани раванди омодагӣ ба ҷашни 35 – солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии «Солҳои рушди саноат 2022 – 2026», дастгирии соҳибкорӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баҳри дар амал татбиқ намудани тамоми дастуру супоришҳои Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд тамоми мардуми ноҳия – кишоварзону саноатчиён, соҳибкорону сармоягузорон, кормандони соҳаи маорифу тандурустӣ ва тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо масъулитнокӣ зоҳир намуда, барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ҳамаи имкониятҳоро сафарбар намоянд.
Дар ин лаҳзаҳои хотирмон дар баробари кишоварзон ва мутахассисону кормандони соҳа тамоми мардуми ноҳияро бори дигар ба муносибати иди аҷдодии Сада табрику таҳният намуда, итминон дорам, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, дастархони пурнозу неъмати мардум ва шукуфоиву ободии Ватани азизамон нерўи созандаи худро сафарбар менамоед.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!