Ёдбуди фарзонафарзанди миллат

- Фарзанди фарзонаи миллат, ходими намоёни давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Вусъати дониш, таҷрибаи зиёди таҳқиқотҳои илмӣ, амиқ дарк карда тавонистани моҳияти назариявию сиёсии масъалаҳо ба ӯ имкон доданд, ки барои амалӣ гардонидани орзуи деринаи худ – офаридани асари «Таърихи халқи тоҷик» шурӯъ намояд. Соли 1947 китоби ӯ «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» ба забони тоҷикӣ нашр гардид. Яке аз дастовардҳои пурарзиши олим, ки ӯро абадан дар радифи алломаҳои бузурги миллат ҷой дод, ин шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» мебошад, ки соли 1972 дар Маскав ба табъ расид, - зикр дошт, Муқаддам Ҳошимзода, - директори Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров зимни суханронӣ дар маҳфили ёдбуди аллома, ки таҳти унвони «Марди накӯном» дар осорхонаи мазкур баргузор гардид.

 

Чорабинӣ бо гузоштани навори таърихӣ аз ҳаёт ва фаъолияти босамари Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт. Муқаддам Ҳошимзода қайд кард, ки аллома Бобоҷон Ғафуров шахсияти нотакрори таърихӣ буда, бо офаридани шоҳасари безаволи худ «Тоҷикон» дар болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллати тоҷик нақши босазо гузоштааст. Бобоҷон Ғафуров пас аз Садриддин Айнӣ ягона шахсе буд, ки қувваҳои эҷодие чун Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Абдулғанӣ Мирзоев, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Муҳаммад Осимӣ, роҳбароне чун Турсун Eлҷабоев, Назаршо Додхудоев, Ҷаббор Расулов, Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даҳҳо шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангиро сарвару роҳнамо шуда, барои бақои миллату давлат ,забону фарҳанги бостонӣ ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани илму фарҳанг хидматҳои бебаҳо кардааст. Сипас, Мастура Комилӣ мушовири раиси ноҳия баромад намуда, иброз дошт, ки арбоби намоёни ҳизбию давлатӣ ва олими маъруф Бобоҷон Ғафуров тамоми фаъолияти серсоҳа ва пурсамари давлатӣ, илмӣ ва ҷамъиятиро ба манфиати Тоҷикистон ва халқҳои гуногунмиллати он, зиёда аз ин, барои тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми тараққипарвари ҷаҳон бахшидаанд.

 Ба нақши оламшумули аллома дар инкишофи илми тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, аз ҷумла зикр кардаанд:

«Устод Бобоҷон Ғафуров дар радифи бузургтарин фарзандони Ватани мо қарор дорад. Агар Абдулқосим Фирдавсӣ гузаштаҳои пурифтихори Ватанашро дар «Шоҳнома»-и безаволи худ пеши назари наслҳои нав ба нави инсонҳо ба ҷилва оварда бошад, айни ҳамин корро устод Бобоҷон Ғафуров дар китоби безаволи худ «Тоҷикон» бо санадҳои илмии раднопазир анҷом додааст».

Баъдан Шавкат Шарифов номзади илмҳои таърих дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи «Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо…» суханронӣ кард. Гуфта шуд, ки дар тамоми фаъолияти сиёсӣ, давлатӣ ва илмии ин марди наҷиб рӯҳияи арзишҳои умумибашарӣ афзалият дошт. Ё нисбат ба ҳар гуна зуҳуроти миллатгароӣ, ҷудоиандозӣ оштинопазир буд. Ё дар баробари фаъолияти ҳизбиву давлатӣ корҳои илмии худро пеш мебурд. Омӯзиш ва таҳқиқоти таърихи халқи тоҷик ва кишварҳои Шарқро пайваста идома медод.

Ҳамин фаъолияти илмӣ ва таваҷҷӯҳи Бобоҷон Ғафуровро ба назар гирифта, соли 1956 ӯро директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таъин мекунанд. Аз ҳамин давра дар рӯзгори ӯ марҳилаи нав оғоз мегардад. Олим фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ ва созмондиҳии худро комилан ба инкишофи илми шарқшиносӣ равона месозад. Дар мақоми сарвари Институти шарқшиносӣ ғобилият ва истеъдоди Бобоҷон Ғафуров чун арбоби мумтози илм баръало зоҳир гардид.

Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат такони ҷиддие гардид. Маҳз аз ҳамин хотир ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии Ватан - «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. «Тоҷикон» воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим мебошад, аз ҷумлаи таҳrиrоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Иттилоъ дода шуд, ки дотсент Шавкат Шарифов кори таҳқиқотии худро дар бобати академик Бобоҷон Ғафуров таълиф намуда, то ин дам як қатор рисолаву монографияҳоро ба сомон расонидааст.

Дар идома Розиқxон Муталлибов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар мавриди «Симои аллома Бобоҷон Ғафуров дар адабиёти бадеӣ» маърӯза намуда, зикр сохт, ки хизматҳои академик Бобоxон Ғафуров аст, ки қисмату тақдири тоҷиконро омӯхт ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Китоби «Тоҷикон» ёдгории беназири ин марди ҷонфидои миллат мебошад. Дар байни халқ гуфторҳо, навиштаҳо, байту рубоӣ, шеъру ғазал, rасида, очерк ва романҳо ба чашм мерасанд, ки дар ҳар сатри онҳо метавон симои ҷовидонаи ҳамон олими тавоно, инсони ҳақиқатхоҳ, маҳбуби дилҳо ва шахси худшиносу худогоҳ аллома Бобоҷон Ғафуровро дидан мумкин аст.

Сипас, шоир Темурмалик Рустамов шеърҳои дар васфи Бобоҷон Ғафуров бахшидаашро қироат намуд.

Баъдан дастагули савту навои санъаткорон Носирҷон Раҳимов ва бародарон Аловиддин ва Ҳилолиддин Шамсиевҳо дар бораи Бобоҷон Ғафуров ва китоби «Тоҷикон»-и ӯ ба маҳфил ҳусни дигар зам кард.

Чорабинӣ ба сайри осорхона ва дидан намудан аз экспонатҳои нодир ба охир расид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ эҳтирому арҷгузорӣ ба фарзонафарзанди барӯманди миллат - аллома Бобоxон Ғафуров мебошад, ки умри гаронмояи худро сарфи ҳифзу гиромидошти миллати худ намудааст. Зеро амалҳои манфиатбахш ва шоҳасари безаволи ӯ барои халқу миллат машъали тобандаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буда, боиси саодат ва рушду нумӯи тамоми инсоният мебошад.

Парвина Раҳимова,

мухбири «Хуҷанд»  

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.