НИГОҲИ ХЕШУТАБОРӢ: ЧӢ БОЯД КАРД?

     

     Оила - пояи ҷомеа аст ва ҳар як фард ҳуқуқ дорад, ки оилаи хушбахту мустаҳкам дошта бошад. Аммо мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза баъзе амалҳое ҳастанд, ки метавонанд ин пояро халалдор созанд. Яке аз ин масъалаҳои нигаронкунанда никоҳи хешутаборӣ мебошад.

    Волидайн бо нияти мустаҳкам кардани робитаҳои оилавӣ, баъзан фарзандони худро ба хешовандон медиҳанд. Онҳо бовар доранд, ки ин кор ба хушбахтии оила мусоидат мекунад, аммо дар асл, ин метавонад боиси оқибатҳои ногувор гардад. Масалан, таваллуди кӯдакони маъюб ва бемориҳои ирсӣ, ки баъдан боиси вайрон шудани оилаи ҷавон мегардад.

    Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 14-и худ ба таври равшан мегӯяд, ки ақди никоҳ байни хешовандони наздик манъ аст. Ин қонун барои ҳифзи солимии насл ва ҷомеа аз оқибатҳои манфии никоҳи хешутаборӣ қабул шудааст. Аммо баъзе одамон ба ин қонун риоя намекунанд ва ба хотири манфиатҳои худ оилаи хешутаборӣ ташкил медиҳанд.

    Мувофиқи маълумоти мутахассисон, дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ хатари таваллуди кӯдакони гирифтори бемориҳои ирсӣ ба таври назаррас зиёд мешавад. Дар ҳолате, ки дар насл бемориҳои ирсӣ мавҷуд аст, эҳтимоли таваллуди кӯдакони дорои ин бемориҳо зиёд мегардад.

     Ягона роҳи пешгирии ин мушкилот қатъ кардани никоҳи хешутаборӣ мебошад. Мо бояд дарк намоем, ки риояи ин қонун барои солимии насл ва пешрафти ҷомеа муҳим аст. Ба ҷои он ки ба манфиатҳои оилавӣ фикр кунем, волидон бояд дар бораи хушбахтии фарзандони худ ва солимии насли оянда андеша намоянд. Аз ҳама муҳим мо - ҷавонон, ки дар интихоб ва бунёди оила озод ҳастем, вақте ки масъалаи нигоҳ бо хешутабор ба миён ояд, розигӣ надиҳем. Агар мо розӣ набошем, ҳеҷ гоҳ издивоҷ ба миён намеояд. Насли ҷавони имрӯза насли огоҳ, зирак аз маълумотҳои тиббии шабакаҳои интернетӣ ҳам медонанд, ки никоҳи хешутаборӣ оқибати нохуш дорад. Бинобар ин ба тақдири ояндаи худ бетараф набошем.

Нурафшон Собирова, таҷрибаомӯз дар рӯзомаи “Парвозгоҳи бузургон”

ҶИНОЯТИ НАШЪАҶАЛЛОБОН ПУШИДА НАМОНД

 

    Пешрафти босуботи давлат ва ҷомеа, пеш аз ҳама, ба таъмини амният, волоияти қонун, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва шаҳрванд асос меёбад.

    Аммо дар ҷомеа нафароне пайдо мешаванд, ки бар хилофи зиндагии шоиста амал намуда, бо кирдорҳои номатлуб шаъну шарафи инсонӣ, эҳтирому эътибори худро аз даст дода, барои ҷомеа низ хатар эҷод менамоянд.

   Аз зумраи чунин нафарон Саидов Садриддин Алиддинович, Ҳангомаи Ибодуллоҳ ва Ҷабборов Олимҷон Дадоевич мебошанд, ки бо сабаби дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Хуҷанд ва Бӯстон ба хариду фурӯши моддаҳои психотиропии навъи “метамфетамин” машғул будан ва худ истеъмолкунандаи ин мавод ҳисобида шуданашон бо моддаи 200 қисми 3 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, аз 13 майи соли 2025 аз ҷониби суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳукм бароварда шудааст.

   Шарҳи ин ҳолат нишон медиҳад, ки моҳи январи соли 2025-ум бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян мегардад, ки аз ҷониби нафарони болозикр содиршавии ҷиноят ба миён омадааст. Бинобар ин аз 1-уми-феврали соли 2025-ум парвандаи санҷишӣ-  оперативии пешакӣ оғоз карда шуда, Ҳангомаи Ибодуллоҳ ва Ҷабборов Олимҷон Дадоевич санаи 07-феврали соли 2025-ум ҳангоми ба фурӯш баровардани моддаҳои психотиропии наъви “метамфетамин” дастгир карда шуданд. Зимни идомаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Саидов С.А. низ, дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, ҳангоми кофтуков аз танаи номбурда 29,1 грамм моддаи психотиропии навъи “метамфетамин” дарёфт ва тариқи тартиб додани санади гирифт, барои гузаронидани ташхис ба Шуъбаи татқиқоти криминалистии раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ирсол карда шуд.

   Тибқи хулосаи мутахассисони ШТК РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, таҳти №210 аз 7-уми феврали соли 2025 воситаи нашъадори навъи метамфетамин пешниҳод гардида, ба гурӯҳи моддаҳои психотиропи навъи “метамфетамин” дохил шуда, вазни  ниҳоии он 29,1 (бисту нӯҳ бутуну аз даҳ як) граммро ташкил медиҳад.

    Тафтишот исбот намуд, ки О.Д. Саидов ва И.Ҳангомаи, маводҳои мухадири “метамфетамин”-ро аз шаҳрванд Ҷабборов Олимҷон Дадоевич, тавассути шиносаш бо номи “Ҷамшед” бо маслиҳати пешакӣ, минбаъд бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, бар ивази маблағи пулии гуногун мефурӯхтаанд ва худи онҳо низ истеъмолкунандаи ин навъи маводи мухаддир мебошанд.

  Оид ба ин ҳолат, 7 - уми феврали соли 2025 аз тарафи ШВКДН-и вилояти Суғд нисбати Саидов Садриддин Алиддинович, Ҳангомаи Ибодуллоҳ ва Ҷабборов Олимҷон Дадоевич парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 3 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, баъди гузаронидани ҳамаи ҳаракатҳои тафтишотӣ бо тастиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

    Ба қавле “бори каҷ ба мақсад нарасад” – ин амалҳои манфуру хатарноки шаҳрвандони болозикр дер давом накард. Ба чунин кирдорҳои содирнамудаашон бо ҳукми суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 13 - уми майи соли 2025 Саидов Садриддин Алиддинович, ба муҳлати ҳашт солу шаш моҳ, Ҳангомаи Ибодуллоҳ, ҳашт сол ва Ҷабборов Олимҷон Дадоевич ба муҳлати даҳ сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

    Ин нигошта, ҳар як нафарро ба андеша бояд водор намояд, ки ҳаёт ба инсон як бор муяссар мешавад, ин ҳадяи нотакрор чӣ гуна паси сар мешавад, ба ақлу фаросати ҳар як нафар вобаста аст. Онро месозад ё месӯзад! Имрӯз ин нафарон ба ҷойи зиндагии осоишта, ободии оила, ба камол расонидани фарзандони некӯ умри худро паси панҷара мегузаронанд. Дар ҳоле, ки  метавонистанд, ҳаёти солимро барпо намоянд ва худу атрофиёнро хурсанду хушбахт созанд.

Қурбонзода Фаридун, мушовири адлияи дараҷаи 3 ёрдамчии прокурори нақлиёти вилояти Суғд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.