1. Сармутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -1 ҷой:

     Маоши мансабӣ 1809,60 сомонӣ.

  1. Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоати деҳоти Исфисор-1 ҷой:

     Маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ.

 3.Нозири мизи бақайдгирии ҳарбии ҷамоати деҳоти Исфисор;

    Маоши мансабӣ 1062,40 сомонӣ.

    Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишҒолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Аз довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рўз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

 

Суроғаи қабули  ҳуҷҷатҳо:

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати шаҳраки Ғафуров, кўчаи А.Нозиров 14, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ошёнаи 2, утоқи № 3 шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, телефон 3-16-01, факс 3-16-01 суроҒаи электронӣ Этот адрес электронной почтқ защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра."mihd.bgafurov@mail.ru

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.