ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ: НАТИҶАГИРӢ ВА ДУРНАМОИ ФАЪОЛИЯТ
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он ҷамъбасти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ва муайян кардани вазифаҳои минбаъда буд.
Дар маҷлис муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов, муовини аввали Раиси ноҳия Абдуаҳад Ҳакимзода, роҳбарияти ҳизби ноҳиявӣ ширкат доштанд. Инчунин, собиқадорони ҳизб, вакилони Маҷлиси вакилони халқ ва намояндагони расонаҳо ба ин чорабинӣ даъват шуда буданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайёрахон Акпархоҷаева дар гузориши худ таъкид кард, ки фаъолияти ҳизбиён дар ин давра дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, инчунин дастурҳои Анҷумани XV ҲХДТ ва дастуру супоришҳои сохторҳои дахлдор сурат гирифтааст. Шиори "Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон" ҳамчун меҳвари асосии кори ҳизбиён қарор дошта, онҳо дар таъмини рушди устувори мамлакат ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ саҳми назаррас гузоштанд.
Дар рафти музокира масъулин барои татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс ба аҳамияти ҷалби ҷавонону занон ба сафи ҳизб таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро ояндаи давлат номид.
Дар хотимаи ҷаласа, ба раисони якчанд ташкилотҳои ибтидоӣ барои фаъолияти босамарашон дар маъракаи обуна Сипосномаҳо супорида шуд. Инчунин, ба ҷавононе, ки нав ба сафи ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид.
Ин маҷлис бо қабули қарорҳои муҳим ва тасдиқи нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюми соли 2025 ба кори худ хотима бахшид.