ВОХӮРӢ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 08941

           Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Қисми ҳарбии 08941 Қушунҳои ҳавоӣ вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

    Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Парвиз Халифаёр, раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Баҳриддин Баҳодурзода ва директори муассисаи давлатии мактаби варзиши №1 Равшанбек Мақсудов ширкат варзиданд.

    Масъулин дар назди сарбозону афсарон оид ба мавзуъҳои мубрам, аз ҷумла вазъияти мураккаби сиёсии ҷаҳон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ваҳдати миллӣ суханронӣ намуданд.

     Чунин вохӯриҳо дар доираи ҷадвали тасдиқшуда дар дигар ташкилоту идораҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ идома хоҳанд ёфт.

Хабарнигори "Парвозгоҳи бузургон"

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.