БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ РАҶАБ АҲМАДЗОДА АЗ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

         Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - яке аз минтақаҳои пешсаф дар парвариш ва истеҳсоли сабзавоти хушсифат ба шумор меравад. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Қалъача”, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолият мебарад, аз наздик шинос гардид.

   Хоҷагии мазкур дорои 2 гектар замини корам буда, асосан ба кишту парвариши помидор ва бодиринги навъҳои серҳосил машғул аст. Ба гуфтаи масъулин, тайи беш аз 15 сол аст, ки онҳо бо парвариши навъи беҳамтои помидор - “Дили армуғонӣ” машғуланд, ки дар бозорҳои дохилии кишвар талабгори зиёд дошта, бо тамъу лаззати хосаш шӯҳрати вижа пайдо кардааст. Риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи обу ғизодиҳии муназзам ва таҷрибаи ғании деҳқонон боиси фаровонҳосилии ин навъи маҳсулот гардидааст.

  Дар ҳақиқат, соҳаи кишоварзӣ бо пуштибонӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз тараққӣ карда, деҳқонони меҳнатқарин дар тамоми гӯшаву канори вилоят барои ба даст овардани ҳосили баланд ва ғанӣ гардондани бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти ватании хушсифат кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

   Чунин талошҳо на танҳо ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат мекунанд, балки дар пешбурди иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муҳим доранд.

Раиси вилоят ба фаъолияти деҳқонон баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки замин ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

 

 

 

 

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.