ЭҲТИРОМ БА ҚОНУН - АСОСИ ТАЛАБОТИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ
Терроризм ва ифротгароӣ аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯза маҳсуб ёфта, падидаи мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои вазнин ва таҳдид ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Имрӯз терроризм дар мин-тақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан ҳам таҳдид менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" қабул карда шудааст. Стратегия самт-ҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи муқовимат ба ифротгароӣ ва терроризм мушаххас карда, вазифаҳои мақомоти давлатиро барои бартараф кардани омилҳое, ки ба ифротгароӣ ва терроризм мусоидат мекунанд, муайян менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9 марти соли ҷорӣ баргузор гардид, зимни суханронӣ таъкид доштанд: "Тибқи хулосаи донишмандону коршиносон ва мутахассисони исломшинос тайи чордаҳ асри охир яке аз воситаҳои санҷидашудаи бозигарони геопо-литикӣ татбиқи барномаҳои "исломи сиёсӣ" мебошад, ки барои амалисозии ҳама гуна лоиҳаву нақшаҳои муғризонаву манфиатҷӯёнаи онҳо истифода мегардад. Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавиии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба сомонаҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт. Сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст."
Омӯзиши таҷрибаи судӣ собит мекунад, ки яке аз омилҳои густариш пайдо кардани зуҳуроти ифротгароӣ ва содир кардани чунин ҷиноятҳо, ин васеъ истифода шудани шабакаҳои интернетӣ мебошад. Дар самти пешгирӣ кардани чунин ҷиноятҳо волидайн бояд назорати истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернетиро аз ҷониби фарзандон пурзӯр намоянд.
Бо қарорҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷи-кистон манъ карда шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба мушоҳида мерасанд.
Давоми шаш моҳи аввали соли 2024 аз ҷониби суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нисбати 9 нафар шаҳрвандон барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароидошта ҳукмҳои айбдоркунанда қабул шуда, ба онҳо ҷазоҳои ба муҳлати аз панҷ то ҳашт солӣ маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст.
Ҷинояти содирнамудаи ин нафарон ба гурӯҳи ҷиноятҳои дараҷаи вазнин шомил мебошанд. Ҳар як нафар ба қадри озодӣ бирасад ва бояд дар хотир дошта бошад, ки дар натиҷаи содир кардани ҷиноят худ аз озодӣ маҳрум гардида, падару модар, аҳли оилаашро дучори мушкилиҳои зиёд мегардонад. Махсусан, азияти модарон бештар мушоҳида мегардад, зеро устувортар аз ҳама пайвандҳо, пайванд миёни модар ва фарзанд аст ва ҳеҷ чиз ба қадри будани модаре бо фарзандаш рӯҳпарвар нест.
Санаи 20-уми июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи-кистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" қабул гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз 2 августи соли 2011 аз эътибор соқит дониста шудааст.
Тибқи талаботи банди 5 моддаи 16-и ин қонун падару модар уҳдадоранд, ки кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умуми-башарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд.
Давоми нимсолаи якуми соли 2024 ба Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд 10 парвандаҳо нисбати ноболиғон, ки ҷиноят содир кардаанд, дохил шудааст. Ҳодисаҳои ҷиноят дуздӣ, авбошӣ аз тарафи ноболиғон ба мушоҳида расида, нисбати онҳо ҳатто ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ низ ҷой дорад.
Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар дар Паёми Роҳбари давлат соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эъ-лон гардид.
Мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демок-ратӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад.
Баҳри пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноятҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ бештар ба роҳ монем. Зеро эҳтиром ба қонун аз талаботи асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, риояи он низ барои ҳар шаҳрванд ҳатмӣ мебошад.
Ғайрат САНГИНЗОДА,
раиси Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров