ВОХӮРИИ РАИСИ ҶАМЪИЯТИ МИЛЛӢ - ФАРҲАНГИИ БА НОМИ “СООТЕЧЕСТВЕННИК” – И ТОҶИКОНИ ВИЛОЯТИ ИРКУТСК

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо раиси ҷамъияти миллӣ - фарҳангии ба номи “Соотечественник”-и тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Россия вохӯрӣ доир гардид.

 

   Фаридун Ҳомидзода ва Дилором Турсунзода, муовинони раиси ноҳия Муриват Маликшоев, раиси ҷамъиятро бо хушнудӣ ва самимияти афзун истиқбол гирифта, роҷеъ ба фаъолияти ҳамаҷонибаи ҷамъият, вазъи буду бош ва фаъолияти кории тоҷиконе, ки дар вилояти мазкур ба сар мебаранд, суҳбат оростанд.

  • Бисёр хурсанд ҳастам, ки чанд рӯз инҷониб бо дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, бо роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоту суҳбатҳои самимӣ доир намуда истодаем ва хурсандам, ки имрӯз дар ноҳияи аллома Бобоҷон Ғафуров қарор дорам. Ҳадаф аз ташкили силсиламулоқотҳову вохӯриҳо бо роҳбарияту фаъолони сохторҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳо аз он иборат аст, ки аз кору бор ва зисту зиндагонии ҳамватонамон, ки солҳои тӯлонӣ барои фаъолияти меҳнатӣ ва таҳсили илм ба вилояти Иркутск рафту омад доранд, ё муқими ин минтақа шудаанд, маълумоти саҳеҳ расонида, онҳоро барои ҳамкориҳои дуҷониба даъват намудан мебошад. Аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ҳамватанони мо дар вилояти Иркутск, кору фаъолияти шоиста доранд, дар муассисаҳои оливу миёна низ ҷавонону наврасони ноҳия таълиму тадрис гирифта истодаанд - таъкид сохт, Муриват Маликшоев, раиси ҷамъиятии миллӣ - фарҳангии ба номи “Соотечественник”-и тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Россия.

Инчунин дар суҳбат масъалаи дохилшавии довталабони тоҷик, дар донишгоҳҳои олӣ ва колеҷҳои касбӣ – техникӣ, таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва дигар масоили марбут ба соҳаи маориф низ баррасӣ шуданд. Дар мавриди идомаи ҳамкориҳо бо ҷамъияти мазкур роҳбарияти ноҳия таклифу пешниҳодҳо намуда, зиёд ба роҳ мондани чунин мулоқотҳоро судманд арзёбӣ карданд. Муриват Маликшоев, афзуд, ки роҳбарият ва фаъолони ноҳия низ аз рӯи имконият метавонанд, соле як маротиба ба вилояти Иркутск ташриф оварда, аз фаъолияти ҳамаҷонибаи ҳамватанонамон ошноӣ пайдо намоянд.

Чунин суҳбату вохӯриҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома дошта, раиси ҷамъияти  миллӣ - фарҳангии ба номи “Соотечественник”-и тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Россияро дар вилоятии Суғд мушовири Раиси Ҳизби Халқӣ – Демократии Тоҷикистон Маликислом Наим Мунаввар ҳамроҳӣ менамояд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров.  

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.