АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

       Қувваҳои мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини Истиқлолияти давлатӣ, сипари боэътимоди кишвар, обрӯву нуфузи давлат, ҳимоятгари зиндагии осоиштаи мардум ва амнияту суботи ҷомеа ба шумор меравад. Артиш дар тамоми таърихи инсоният барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи истиқлолият, сулҳу субот, амнияту бехатарии давлату шаҳравандон неруи боэътимод буда, имрӯз низ ин нақши худро гум накардааст. Давлатҳои бузурги Ҳахоманишиён, Сосониён, Сомониён, Ғуриён ва ғайра маҳз бо артиши бузург, бонизому обутобёфта пояи давлатдории худро мустаҳкам карда, дар таърихи халқи тоҷик мақоми хоса доранд. Қувваю пойдории давлатҳо дар замони муосир, новобаста аз мавқеи геополитикӣ, ҳудуд, сохтори идоракунӣ, вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии худ маҳз аз артиш вобастагии калон дорад.

Имрӯз мо ном ва корнамоиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик ба монанди Фрада, Шерак, Томирис, Спитамен, Абӯмуслим, Деваштич, Устод Сис, Симбоди Муғ, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Маликсанҷар, Мавлонозода, Восеъро, ки барои ҳифзи Ватан, марзу буми аҷдоӣ аз ҳуҷуми аҷнабиён меомӯзем ва бо ифтихор ба забон меорем. Қаҳрамоиҳои онҳо эҳсоси олии дӯст доштани Ватан, ҳифзи марзу буми онро дар вуҷуди ҳар яки мо, махсусан руҳияи ҳомиёну афсарони Артиши миллиро бамаротиб боло мебардорад.

Ҷасорату матонат, қаҳрамониҳои бемисли фарзандони ба ору номуси тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили фашистони хунхӯр достони зиндагии онҳо имрӯз барои насли наврас намунаи волои дарси ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва хоки муқаддаси Ватан ба ҳисоб меравад.

   Мувофиқи моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Барои саркашӣ кардан аз иҷрои ин вазифаи конститутсионӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст. 

  Дар Паём, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад".

Алишер Раҳматов – раиси ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Сойча”

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.