ЭҲТИРОМУ АРҶГУЗОРӢ БА ҶАСОРАТУ МАРДОНАГИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ АФҒОНИСТОН

     Дар доираи нақшаи чорабиниҳои қарори Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Дар бораи таҷлили 36-солагии баровардани собиқ Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Афғонистон», ки бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, посдории хотираи шаҳидон, ҳамчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ ба тасвиб расонида шуда буд, чорабиниҳои ҷамъбастии мулоқоту вохӯриҳо бо собиқадорони ҷанги Афғонистон ташкилу баргузор карда шуд.

Дар оғоз маросими гулгузорӣ дар назди лавҳаи тахтасанги ёдгорӣ ба қурбониёни ҷанги Афғонистон дар маркази ноҳия бо иштироки масъулони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷанговарони интенатсионалист, пайвандону волидайни шаҳидони набардҳои ҷангӣ ва дигар шахсони дахлдор ташкилу баргузор карда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Гимназияи №1-и шаҳраки Ғафуров маҷлиси тантанавӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангиву қадршиносии собиқадорони ҷанги Афғонистон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд. Раиси Шӯрои ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи собиқадорони ҷанги Афғонистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дорандаи ордени «Шараф» Каримов Ҳасан Эшонович аз баргузории чорабиниҳои судманд ба ҳамаи дастандаркорон ва масъулон изҳори сипосмандӣ баён намуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.