vtem newsroll

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон....

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... Ҷавоб ба ruzinew.blogspot.com Сомонаи ruzinew.blogspot.com бо нашри як мақола, ки он “Шахспарастӣ дар Тоҷики...
vtem newsroll

Ташрифи ҳайати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Беларусия ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

vtem newsroll

Шиносоии Раиси вилоят аз рафти ниҳолшинонӣ дар заминҳои мавзеи Рухак

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд...
vtem newsroll

Муҳокимаи ҷамъиятии буҷети маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рӯзи 13 феврали соли 2020 Раёсати молия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти «Ҷамъия...

12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои иштирокчиро Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон истиқбол гирифт.

Мавриди зикр аст, ки Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ — иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Он ҳамчун платформаи ҷаҳонии муҳокимарониҳои сатҳи баланд тариқи пешбурди муколамаи мустақим миёни шахсони расмӣ ва намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ доир гардид.

Иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки иншооти мероси умумиҷаҳонӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳо табодули андеша карданд.

Дар форуми навбатии Париж оид ба масъалаҳои сулҳ беш аз 30 роҳбари давлату ҳукуматҳо аз кишварҳои Аврупову Амрико ва Осиёву Африка, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои дунё иштирок карданд.

Дар доираи ин форум ҳамасола лоиҳаҳо ва консепсияву ташаббусҳо муаррифӣ хоҳанд шуд, ки ба таъмини мусоидати мушаххас ба ҳамкории густурдаи байналмилалӣ оид ба масоили глобалӣ, рушди ҷаҳонишавии одилона ва низоми муассиртари бисёрҷониба нигаронида шудаанд.

Дар кори Форуми имсолаи Париж дар соҳаҳои гуногун 6 бахши мавзӯии сулҳ ва амният, муҳити зист, рушд, технологияҳои нав, иқтисоди инклюзивӣ, фарҳанг ва маорифро дар бар гирифта, 150 лоиҳаи пешниҳодшуда баррасӣ мегарданд.

Дар доираи кори Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Форуми сулҳи Париж, Директори фахрии пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии “Аврупои мо” ҷаноби Паскал Ламӣ, Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон, Президенти Кипр Никос Анастасиадес, Президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн мулоқот карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаҳои гуногуни барои ҷонибҳо манфиатовар, муносибатҳои ҳамкории дуҷониба ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз5
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта665
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта4997
mod_vvisit_counterҲамин моҳ15326
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта17408
mod_vvisit_counterҲамагӣ253165