БОЗДИД АЗ ХОҶАГИҲОИ АНГУРПАРВАРӢ

         Ҷамоати деҳоти Исмоил. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ба Ҷамоати деҳоти Исмоил сафари корӣ анҷом дод.

    Сафари роҳбари ноҳия аз боздиди токзорҳои хоҷагиҳои кишоварзии ҷамоат оғоз гардид. Темурҷон Нӯмонзода дар ҷараёни боздид бо хоҷагидорон ва саҳмдорони маҳаллӣ мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом дода, ҳолати нашъунамои токзорҳо ва нақшаҳои ояндаи деҳқононро мавриди баррасӣ қарор дод. Таъкид гардид, ки  роҳҳои нави афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ҷустуҷӯ, усулҳои пешрафтаи агротехникӣ барои ҳифзи ҳосил истифода карда шавад. И.в.раиси ноҳия  ноҳия ба аҳамияти бунёди токзорҳои навъи ҳавозавӣ (шпалерӣ) таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард, ки ин усул барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати ангур мусоидат менамояд.

   Зимни суҳбат бо кишоварзон изҳор гардид, ки мақсади асосӣ аз ин боздидҳо дастгирии хоҷагидорон ва таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад. Соҳибкорон ва деҳқонон низ дар навбати худ оид ба муваффақиятҳо ва мушкилоти ҷойдошта бо роҳбарияти ноҳия мубодилаи афкор намуданд.

Хабарнигори рӯзномаи “Парвозгоҳи бузургон”

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.