Нишасти матбуотӣ. СУРЪАТИ АФЗОИШ НАТИҶАИ ТАЛОШҲОИ МУТТАСИЛ

- Соли 2025 қисми даромади буҷети давлатӣ 107,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 609,1млн сомонӣ, воридот 652,8 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида, 43,7 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 26267,5 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,1 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар соли сипаригардида 25 корхонаю коргоҳ бо 260 ҷойи кории нав мавриди истифода қарор дода шуд. Бо вуҷуди ин 14 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун фаъолият накардааст, -  иттилоъ дода шуд, дар нишасти матбуотии и.в.раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нумонзода.

Дар идома оид ба вазъи саноат ва энергетика, соҳаи сохтмон ва меъморӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, илму маориф, тандурустӣ, кор бо занон ва оила, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, меҳнат, шуғл ва муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои марбута фишурдаи маълумот тариқи варақаи иттилоотӣ ба кормандони воситаҳои ахбори омма пешниҳод гардид.

Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон Мирзоаъзам Мақсудов, намояндаи рӯзномаи “Народная газета” дар самти рушди ноҳия корҳои то имрӯз ба анҷомрасида, Ӯрунбой Усмон, намояндаи рӯзномаи “Халқ овозӣ” оид ба масъалаҳои сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳраки Ғафуров ва Ҷамоати деҳоти Исфисор, Нодир Турсунов, намояндаи нашрияи “Садои мардум” оид ба мумфаршгардонии роҳҳо ва самти кишоварзӣ дар вусъати картошкапарварӣ, Фарзона Муродӣ намояндаи оҷонсии иттилоотии Азия+ оид ба вазъи эпидемиологӣ вобаста ба захмбардории сокинон аз ҳайвонот ва қиркунии сагҳои дайду, Неъматулло Мирсаидов, рӯзноманигори мустақил оид ба заминҳои баҳсбарангез миёни соҳибкор ва ҷамоати деҳоти Д.Холматов ва Хистеварз, Абдулҳамид Ҷӯраев, намояндаи радиои “Замон” оид барқароршавии Лавҳаи фахрӣ дар маркази ноҳия, Обидҷон Каримов, намояндаи ТВ “Синамо” оид ба мумфаршгардонии кучаҳои деҳоти Сомғор, рӯзноманигорон Фарзон Муҳаммадӣ, оид ба ҳолати хонаҳои дар хаттӣ марз қарордошта дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача, муттамарказшавии масъалаҳои вобаста ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Қамари Аҳрор таъмини роҳи пиёдагард барои муҳассилини Гимназияи№2- и Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, Мафтуна Шукурова, аз ҷониби раиси ҶШСК ба номи “С.Ӯрунхоҷаев” қабул нагардидани саҳмдорон ва дигар рӯзноманигорон низ роҷеъ ба сифати фаъолияти коргоҳи партовкашон дар Ҷамоати деҳоти Ёва ва фаъолияти бозорҳои назди марзӣ, ҳалли муроҷиати шаҳрвандон, аз фаъолият бозмондани бархе аз корхонаҳои саноатӣ, дигар масоили умда, суолҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар нишасти матбуотӣ баробари намояндагони сохторҳои мухталифи ноҳия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода низ иштирок намуд.

Хабарнигори “Парвозгоҳи бузургон”

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.