БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

    Ҷамоати деҳоти Исмоил. Дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Исмоил, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода бо фаъолон ва сокинони маҳаллӣ мулоқоти судманд анҷом дод.

   Дар меҳвари мулоқот масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ноҳия қарор доштанд. Роҳбари ноҳия зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб намуда, таъкид дошт, ки Паём роҳнамои асосии фаъолияти ҳар як шаҳрванд дар роҳи рушди кишвар мебошад. Ҳамчунин рафти ҷамъоварии андозҳо ва зарурати сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳои буҷетӣ, омодагӣ ба маъракаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбияи ватандӯстии насли ҷавон, вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил гардида, Темурҷон Нӯмонзода баъд аз шунидани гузориши масъулини ҷамоат ва таклифу пешниҳодҳои сокинон, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва суръат бахшидан ба корҳои созандагӣ ба масъулони соҳавӣ супоришҳои мушаххас ва саривақтӣ дод.

Хабарнигори рӯзномаи “Парвозгоҳи бузургон”

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.