ОШНОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ГАРМХОНАИ «БӮИ БАҲОР»

         Ҷамоати деҳоти Исмоил. Дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Исмоил, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода аз фаъолияти гармхонаи «Бӯи Баҳор» шиносоӣ пайдо кард. 

    Гармхонаи мазкур яке аз марказҳои муҳими парвариши гулҳои ороишӣ дар ноҳия ба шумор рафта, дар он намудҳои гуногуни тухми гулҳо ва кӯчатҳои мавсимӣ парвариш карда мешаванд. Маҳсулоти ин гармхона асосан барои сабзкорӣ ва ороиши кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва мавзеъҳои истироҳатии шаҳру ноҳияҳои вилоят истифода мегардад.

    Таъкид шуд, ки фаъолияти чунин гармхонаҳо дар зебосозии намуди зоҳирии маҳалҳои аҳолинишин ва рушди соҳаи гулпарварӣ нақши калидӣ дорад. И.в раиси ноҳия ба масъулин дастур дод, ки ба сифати кӯчатҳо ва мутобиқшавии онҳо ба иқлими маҳал таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Ҳамчунин барои боз ҳам васеъ намудани фаъолияти гармхона ва истифодаи самараноки технологияҳои муосири обёрию парвариш тавсияҳои муфид дода шуданд. 

       Зимни шиносоӣ Темурҷон Нӯмонзода иброз дошт, ки вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва гулпӯш намудани гӯшаҳои ноҳия аз вазифаҳои муҳими сохторҳои марбута ба истиқболи ҷашнҳои миллии дарпешистода маҳсуб меёбад.

Хабарнигори рӯзномаи “Парвозгоҳи бузургон”

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.