Барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмун баргузор гардид

     Дар маҷлисгоҳи Муассисаи таълимии давлатии Гимназияи рақами 1 -и ноҳия маросими расмии оғози озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои соли хониши 2022-2023 баргузор гардид. Дар расмикушоди озмун муовини сардори раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқзода, директори КВД "Соҳибкорони ҷавон" Самиаллоҳ Шерализода, намояндаи раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мӯнисахон Рашидова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Баҳриддин Баҳодурзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ ҳайати комиссия, хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии ноҳия - довталабони озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорони онҳо иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбати онҳо дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар ҷойгоҳи муҳимро касб карда, Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста дар татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Илова бар ин, ҳар як мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон бо пешниҳоди як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Аз ҷумла, таъсис ва роҳандозӣ гардидани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иқдоми наҷиби Пешвои муаззами мамлакат маҳсуб меёбанд.

Дар идома, ҷавонон бо камоли ифтихормандӣ ва сипоси бепоён баён доштанд: - «мо - ҷавонони ватандўсти диёр чун ворисони арзандаи ниёгони шарафманди хеш баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, садоқатмандона хидмат намуда, бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона, дастоварди фикриву эҷодӣ ва варзишӣ ҳамчун намояндаи ҳақиқии насли нави фардосози тоҷик барои афзоишу таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани азизу маҳбуби хеш саҳми муносиб хоҳем гузошт.»

Дар ин рӯз озмун дар сатҳи баланди ташкилӣ ва таъмини шаффофият доир карда шуд.

Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.