vtem newsroll

Давлат Сафар Изҳорот қ 1

Силкаи навор: https://www.youtube.com/watch?v=1y5CeFtj1Xo

vtem newsroll

Боздиди Раиси вилоят аз фаъолияти фермаи чорводории хоҷагии ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияти фермаи чорводории  хоҷаги ба номи Абдураҳим Ҷумаев ва рафти корҳои саҳрои нашъунамои пахта ...
vtem newsroll

МИЛЛАТКУШУ ТАМАДДУНСӮЗОН. Миллати аз дасти ин гурӯҳи хунхор азияткашидаи тоҷик аниқ медонанд, ки онҳо кистанд ва ҳадафашон чист

ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Мардуми Тоҷикистон қариб  чор моҳ тавонистанд аз ин  беморӣ эмин зиндагии осоишта ба сар баранд ва охирҳои моҳи а...
vtem newsroll

УБИЙЦЫ НАЦИИ И ЦИВИЛИЗАЦИИ. Таджикский народ, пострадавший от этих кровавых групп, точно знает, кто они такие и каковы их истинные цели

ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. «Народ Таджикистана почти четыре месяца смог прожить в безопасности, но в конце апреля были выявлены  первые больн...

Санаи 30 декабри соли 2019 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати панҷум) баргузор гардид.

Дар кори иҷлосияи мазкур муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар иштирок дошт.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори иҷлосия оғоз гардид. Аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия «Дар бораи ҳисоботи Раиси ноҳия оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ёздаҳ моҳи соли 2019» Раиси ноҳия Зариф Назирӣ бо маърӯзаи муфассал суханронӣ намуд. Дар музокираронӣ вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Саидов Саидумрон ва Юлдошев Рустам иштирок намуда, ҳисоботи пешниҳодшударо аз ҷиҳати мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Аз рӯи масъалаи «Дар бораи буҷети ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои соли 2020» сардори раёсати молияи ноҳия Латифзода Зафар баромад намуда, барои тасдиқ намудани буҷети пешниҳодшуда аз вакилон даъват ба амал овард.
Аз рӯи масъалаи «Дар бораи муқаррар намудани меъёри андоз ва пардохти ҳатмии алоҳида дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» муовини Раиси ноҳия Комилӣ Мастура Мухторзода суханронӣ намуд.
Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Баҳористон» №15 Мадаминова Рудоба Абдураҳмоновна оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи «Оид ба номгузорӣ» мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Халифаёр Парвиз Неъматзода баромад намуда, лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро оид ба иваз намудани номи деҳоти Ҳайдар Усмонов ба номи деҳоти Рӯмон, номи деҳоти Дадобой Холматов ба номи деҳоти Бахтёрон, номи деҳоти Исмоил ба номи деҳоти Сомғор ва боз 14 адад номи деҳаҳое, ки номашон ба меъёрҳои муосири номгузорӣ мутобиқ гардонида шуданд, шарҳу эзоҳ дод.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул карда шуданд.
Дар охир муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар дар заминаи дастуру тавсияҳое, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд, дастуру тавсияҳои Раиси вилояти Суғдро баён намуда, иштирокдоронро бо фарорасии Соли нави милодӣ табрику таҳният намуд.
Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум пӯшида эълон карда шуд.

 

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз425
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта808
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1973
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10431
mod_vvisit_counterҲамин моҳ31492
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27752
mod_vvisit_counterҲамагӣ348187