vtem newsroll

Иштирок дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон д...
vtem newsroll

Ифтитоҳи гармхонаи замонавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғ...
vtem newsroll

Иштирок дар бунёди боғи интенсивии кооперативи истеҳсолии “Самир - Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи “Рухак”-и деҳоти Ғозиëни ноҳ...
vtem newsroll

Ифтитоҳи маркази хизматрасонии “Азизи дил” ва иштирок дар чорабинии идонаи наврӯзӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғаф...

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази нави хизматрасонии “Азизи дил”-ро ифтитоҳ карда, дар саҳни ҳавлии он дар чорабинии идонаи наврӯзии сокинони ноҳия иштирок карданд.

Маркази нави хизматрасонии маишӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, сокини ватандӯсти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Даврон Азизов бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкории хурду миёна бунёд гардид.

Иншооти мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар як баст ба 150 - 200 нафар мизоҷ хизмат мерасонад.

Дар назди марказ таваққуфгоҳ барои 20 нақлиёти сабукрав сохта шудааст.

Дар саҳни ҳавлии маркази хизматрасонӣ ба хотири ободу зебо кардани иншоот шаршараи сунъӣ, суҳбаткадаҳо бунёд шудааст, ки барои фароғати мизоҷон мусоид аст.

Бо бунёди иншооти маишӣ 20 сокини ноҳия бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Баъди ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии ин иншоот намоишгоҳи наврӯзии сокинони ноҳияро тамошо карданд.

Занону бонувон дар чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори наврӯзи байналмилалӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ барпо карда, бо риояи суннатҳои хоси ин ҷашн дастархони наврӯзӣ оростанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз наврӯзгоҳи сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварда, иштирокчиёни маҳфили идонаро бо фарорасии фасли зебои баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод намуданд.

СИЁСАТ

Варзиш

Иқтисодиёт

Фарҳанг

Кишоварзӣ

Маориф

РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯ

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5
Назирӣ Зариф Вализода Назирӣ Зариф Вализода Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Абдуллозода Фаррух Орифӣ Абдуллозода Фаррух Орифӣ Муовини якуми Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Комилӣ Мастура Мухторзода Комилӣ Мастура Мухторзода Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Юсуфӣ Акбар Муҳиддинзода Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия
Турсунзода Дилором Турсунзода Дилором Муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ТАШРИФКУНАНДАГОН

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз664
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта863
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1527
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ29360
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта21491
mod_vvisit_counterҲамагӣ288690