Гуфт устод: «Мабар дарс аз ёд!»

   

     Аҷдодони накӯноми мо ба масъалаи  таълим ва тарбия аз замонҳои қадим диққати ҷиддӣ медоданд.  Китоби муқаддаси “Авесто” саршор аз  андарзҳои  таълимиву   тарбиявӣ  мебошад, ки сухани зер намунаи олии он аст:  “Агар  туро  фарзанди хурдсол аст,  ӯро ба дабистон  бифирист,  зеро  фурӯғи  дониш чашми  равшан  ва биност”.

          Шиори “Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек”, ки асоси  таълиму  тарбияи на танҳо мардуми ориёитабор аст, балки он раҳнамои тамоми аҳли  башар маҳсуб меёбад. Мардуми мо ҳанӯз пеш аз ислом аз низоми волои  фарҳанг ва таълиму тарбияи мутараққӣ бархурдор буданд ва хусусан  фаъолияти Гунди Шопур, ки бунёдашро Шопури аввал гузошта буду шуҳрати тамом дошт, яке аз саҳифаҳои заррини тараққиёти илму дониш ва таълиму тарбияи мо дар гузаштаи дур маҳсуб мешуд.  

         Таърих медонад, ки дар замони Тоҳириёну Саффориён  ва ба вижа  Сомониён илму дониш аз нав рушду  нумӯъ менамояд  ва ба таълиму  тарбия  таваҷҷӯҳи махсус ва ҷиддӣ дода мешавад.

Дар ҳамин рӯзгор аст, ки дар назди масҷидҳо мактабҳои ибтидоӣ  ташкил карда  мешаванд.  Дарвоқеъ,  амирони Сомонӣ  барои пешрафти  илму дониш  ва таълиму  тарбия  ва босавод  шудани мардум аз ҳеҷ гуна  меҳнат дареғ  намеварзиданд

Дар ин давра шоиру нависандагон низ дар ашъори худ аз илму  дониш,  таълиму тарбия сухан мегуфтанд ва илму фарҳангу маорифро тарғиб менамуданд.  Чунонки  устод Рӯдакӣ мефармояд:

Ҳеҷ  ганҷе нест, аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ!

***

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад  бар тани ту ҷавшан аст

***

Ҳаркӣ  н-омӯхт  аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад  зи ҳеҷ  омӯзгор.

 Ё ки Абӯшакури Балхӣ, ки аз идомадиҳандаи ашъору афкори устод  Рӯдакӣ ва шоире пуровозаю донишситой аст, оид ба замони хурдӣ, ки айёми фаро гирифтани илму дониш аст, чунин хулоса мекунад:

Ба ҳангоми  барноиву кӯдакӣ,

Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.

Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон

Бигардонад ӯро, чу хоҳад, чунон.

Чу гардад калон,  боз натвонандаш,

Ки аз кажжию хам  бигардонадаш.

Дар замони ба майдон омадани маорифпарварон боз имкон шуд, ки мардумро ба ташвиқи илму дониш, китобдӯстӣ, таълиму тарбияи ҷадиду  пурнафъ равона созад. Аҳмади Дониш, Шоҳин,  Савдо,  Ҳайрат, Аҷзӣ, Асирӣ, Айнӣ ва дигарон аз ҳамин гуна адибони  мунавварфикру мутараққӣ  маҳсуб меёбанд ва наҷотбахши миллату кишваранд. Агар ба ин шеъри Саидаҳмади Аҷзӣ таваҷҷӯҳ намоем, дарк менамоем, ки ҳамон андешаи донишандӯзӣ талқин шудааст:

Гуфтам ба хирад, ки соҳиби  ирфонӣ,

Бинмой раҳи наҷотам,  аз нодонӣ:

Гуфто:  мактаб, мактаб, мактаб, мактаб,

Бояд хонӣ, бояд хонӣ, бояд хонӣ!

Устод  Садридин  Айеӣ бошад, ба мардум, ба вижа наврасон, чунин  муроҷиати таърихӣ ва падарона  менамояд:

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

Ба бекорию нодонӣ намонем.

Ба олам ҳар касе  бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Аз ҳамин давра сар карда равшанфикрон амалан ба тарғиби илму  дониш, ба вижа мактабу маориф мепардозанд  ва ба таъсиси мактабҳои ҷадид  ва нашри ҷаридаву рӯзномаҳо камари ҳиммат мебанданд ва бо ин роҳ дар маърифату бедорӣ ва саводнокии мардум саҳм  мегиранд.     

Алалхусус, шоирону нависандагон дар ин замина хидмати пурарзиш  менамоянд. Ҳамин аст, ки мактабситоӣ маҳз дар ҳамин давра хеле ривоҷ  мегирад. Ин намунаҳо муште аз хирворанд:

Дар  ҳақиқат, нигарӣ, ҷаннату  ризвон  мактаб,

Қути ҷон,  қути дилу  равнақи имон мактаб...

Ҳаст мактаб, ки давои марази шубҳаву  шак,

Марҳами дарди дили зумраи нодон  мактаб.

Дар ҳамин маврид мехоҳам аз як шеъри Эраҷ Мирзо ёдовар шавам, ки “Қадри  устод”  унвон дорад. Шоир  сухани устодашро ба хотир меорад, ки гуфта буд: «Мабар дарс аз ёд!»

Гуфт устод: «Мабар дарс аз ёд!»

Ёд бод он чӣ маро гуфт устод!

Ҳеҷ ёдам наравад ин маънӣ,

Ки маро модари ман нодон зод.

Падарам низ чу устодам дид,

 Гашт аз тарбияти ман озод.

    Ва боз ба гузаштааш руҷӯъ мекунад, ки  ин маънӣ аз ёдаш нарафтааст. Хотиррасон мекунад, ки  модарам маро зод, ки кӯдаке нодон будам, падарам ҳам маро бо устод супориду аз тарбиятам хотирҷамъ шуд. Пас тамоми тарбияти ман дар ӯҳдаи устод монд:

Пас маро  миннат аз устод бувад,

 Ки ба таълими ман устод истод.

Ҳарчи медонист омӯхт маро,

Ғайри як асл, ки ногуфта ниҳод.

    Устод барои илму дониш гирифтану тарбияти ман заҳмат кашид, ҳар чӣ медонист, ба ман омӯхт, аммо аз як чиз худдорӣ кард. Ӯ нагуфт, ки:

 Қадри устод накӯ донистан,

 Ҳайф, устод ба ман ёд надод.

         Вақте ки шоир ба ин дараҷаи камолоти инсонию маънавӣ расид, пас аз қадри омӯзгор ёд овард ва ҳарчанд дер шуда бошад ҳам ӯро сипос гуфт:

Гар бимурдаст, равонаш пурнур,

В-ар бувад зинда, Худо ёраш бод!

   Падару модарони азизу гиромӣ! Бачагони ҳушёру донои замони мо! Аз ин сатрҳо хулоса бардоред, ба қадри муаллим расед, хизматҳои хоксоронаи ӯро арҷ гузоред, дар ин рӯзҳои оғози соли нави хониш омода бошед, ки илми устодро ба хубӣ омӯзед ва ҳурмат кунед. Дӯст доштани мактабу устоду илм ҳар ҷӯяндаро ба мурод мерасонад.

Розиқҷон Муталлибов

рӯзноманигор

 

Сомонаҳои расмӣ

Разработано с JooMix.