КУШОДАШАВИИ МАРКАЗИ ИНКИШОФИ КӮДАК
Ба ифтихори Рӯзи дониш Маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42-ноҳия бо иштироки Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Махсуда Абдуллозода, мудири шуъбаи маориф, Гулмира Бобоева, раиси ҷамоати деҳоти Исфисор ифтитоҳ ёфт.
Дилором Турсунзода, кулли омӯзгорону хонандагонро бо Рӯзи дониш муборакбод намуда, афзуд, ки тантанаҳои баргузории Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат қарор доштани илму маориф ва донишу маърифат мебошад, зеро маориф пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: "Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки насли ояндасози кишвар бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ва-тани хеш, пешрафти давлат ва ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ омода карда шаванд". Амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ дар самти таъмини рушди маориф, сохта ба истифода додани иншооти гуногуни соҳа, таъмини таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, иштирок ва ғолибияти омӯзгорону мураббиён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои касбию фаннӣ ва қадршиносии онҳо аз ибтикороти самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди маорифи миллӣ мусоидат менамояд.
Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ҳисоб меёбад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ марказҳои инкишофи кӯдак таъсис дода шудаанд.
Кушода шудани боз як маркази инкишофи кӯдак дар як гӯшаи диёр иқдоми шоистае дар рушди маориф буда, дар синфхонаи мазкур кӯдакони синну соли томактабӣ ҷалб шуда, бо роҳу усулҳои муосир таълиму тарбия дода мешаванд. Ҳадаф аз иқдоми мазкур дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани кӯдакону наврасон ва баланд бардоштани завқи онҳо мебошад.
Айни ҳол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар назди 63 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 120 гуруҳи маркази инкишофи кӯдак амал карда истодааст. Яке аз чунин марказҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№42 тоза таъсис дода шуд, ки волидайн аз он изҳори хушнудӣ намуданд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.